Ман як модари зорам, ки шаш моҳ боз духтари бисту ҳаштсолаи соҳибҷамоли ҷӯҷадору хонаҳайронамро ба хоки сияҳ гузоштам. Дилам хун аст, аз ин мусибат, барои холӣ шудани дили зорам ин номаро ба ҳафтавори дӯстдоштаам «Оила» менависам. Зеро он ҳафтаворест, ки байни занону духтарон ҳаводори зиёде дорад. Шояд сарнавишти талхи духтараки ман барои онҳо сабақ гардаду ба ҳарфи калонсолон гӯш диҳанд. Аз ёд набояд бурд, ки дар ҳама гуфтори ашхоси калонсол ҳикмате нуҳуфтааст…
Сиёҳбахт
Ман дар оилаи сарватманде бу дунё омадаам, падарам директори заводи пахтатозакунӣ буду марди обрӯманд. Мо дар оила шаш фарзанд будем ва зиндагии шоистае доштем. Падарам сарватманд бошад ҳам, ақидаҳояш қишлоқӣ буданд ва ҳаргиз орзуи хондану соҳиби тахассусе шудани духтарро намекард. Аз ин рӯ, ду додарам хонда, соҳиби маълумот шуда бошанд ҳам, ману се хоҳарамро баъди хатми мактаб зуд ба шавҳар доданд. Ихтиёри ёфтани домод низ дар дасти падарам буду он кас маро ба писари наздиктарин рафиқашон доданд, ман ба ноҳияи дигар келин шуда рафтам. Аммо шавҳарам дар як муддати кӯтоҳ аз наздикии хонаи падарам замин гирифту хонаи боҳашаммате сохта, рӯзғорамонро ҷудо кард. Ман байни келинҳои хушдоманам бойдухтар будаму дастамро ба косаи тар намезадам, умуман хизмати хусуру хушдоманро накардам. Вале онҳо дӯстам медоштанд, ҳар гоҳе ба хонаамон меҳмонӣ биёянд, иззату ҳурматашонро ба ҷо меовардам. Соҳиби шаш духтару як писар шудем ва шавҳарамро, ки тоҷири муваффақ буд, дар як садамаи нақлиётӣ аз даст додем. Бо ҳафт фарзанди ноболиғ бева мондам, духтари хурдиям ду сол дошт. Падару модару хусуру хушдоманам аз дунё гузашта буданду пайвандони ману шавҳарам ба зиндагии худ овора, албатта ёрӣ мерасониданд, вале магар бо ёрии касе ҳафт нафарро нигоҳубин кардан мумкин аст?
Қадаме ба тиҷорат
Духтари калониям шавҳар дошт, ҳамроҳи духтури дуввумӣ ва писарам, ки яке понздаҳ ва дигаре чордаҳ сол доштанд, маслиҳат карда, ба тиҷорат сар кардем. Ман аз Душанбе ҳар гуна матову рӯймолу колои занона меовардаму онҳо хона ба хона гашта мефурӯхтанд. Каме маблағ ҷамъ кардему дар маркази ноҳия мағоза кушодем ва корамон ривоҷ ёфт. Акнун ҳамакаса ба тиҷорат дудаста часпидем, фарзандони калонӣ дар мағоза савдо мекарданд, хурдиҳо дар деҳа, оҳиста-оҳиста мағозаҳоямон ду то шуданд…
Духтаронам қад кашида, зебову дилоро мешуданд, азбаски сархаму меҳнатӣ буданд, онҳоро ҳақу ҳамсоя келин карданд. Барои писарам ҳам аз хешони дури шавҳарам келини мувофиқе пайдо карда, тӯй кардем. Писарам акнун дар тиҷорат мустақил шуда буду маро кор кардан намемонд. Ман дар давлати писару духтаронам шукронаи Худо карда мегаштам. Шукрона мекардам, ки Худованд давлати рафтаамро баргардонд, ҳарчанд бо ёди шавҳари ҷавонмаргу рӯзҳои хуши зиндагиям дилам гум мезад ва барои солҳои бе ҳамдилу ҳамсар гузаштаам дилам хун мешуд..
Эркадухтар
Ҳама фарзандонам соҳиби хонаву дари озода, зиндагии хубу орому осоишта буданд, келинам низ духтараки хубу хизмать буду бароям пайи ҳам чор набераи нозанин таваллуд кард. Духтари кенҷагиям Амина низ арӯсӣ шуда буд. Мо ҳамаамон ӯро дӯст медоштему эркааш мекардем. Хостгорон зиёд бошанд ҳам, дилам намешуд духтарамро ба шавҳар диҳам, зеро ӯ бароям дигар буд. Падараш ҷавонмарг шуду ҳама дарду алами хешро сари гавҳораи ӯ бо аллагӯӣ мебаровардам. Хостгори арзанда ҳам пайдо шуд, дур не, аз кӯчаи дигар, домодшаванда низ тоҷир буд ва зиндагии хонаводагияшон хуб буд. Мо розӣ шудем ва тӯйи бошукӯҳе ороста, Аминаро ба хонаи бахташ гусел кардем. Эркаву ноздона бошад ҳам, бисёр боҳунар буд Аминаи ман ва дар як муддати кӯтоҳ дили хусуру хушдоманашро ёфт. Онҳо Аминаро мисли фарзанди худашон дӯст медоштанд, хоҳаршӯйҳояш низ эҳтиромашро ба ҷо меоварданд. Духтарам ду додари шавҳарашро зан доду баъд домодам ҳавлии дуошёнаи зебое сохту онҳо кӯчиданд, ҳавлии Амина дар рӯ ба рӯйи хонаи худамон буд. То хонааш омадан Амина ду духтару як писар дошт ва ҳамеша мегуфт, ки як писари дигар таваллуд мекунаму баъд бас…
Ғунчаҳои нашкуфта
Амина он қадар дили кушод дошт, ки ногуфтанӣ, ҳарчанд ману хушдоманаш зиндагии хуб дошта бошем ҳам, ҳар бегоҳ албатта бароямон хӯроки хушмазза пӯхта равон мекард. Зуд-зуд куртавориву рӯймолу дигар тӯҳфаҳо мекард, ниҳоят меҳрубон буд духтаракам. Орзуҳояш сабз шуданду ҳомиладор шуд, вале чун фаҳмид, ки кӯдак духтар аст, ӯро исқоти ҳамл кард. Ман хеле ҷангаш карда, гуфтам, ки магар духтар фарзанд нест? Мана шумо шаш духтар ҳастед, оё ягон зараратон ба ман расидааст? Аммо Амина бо ханда гуфт, “оча, дар ин замона ҳеҷ кас шаш духтар намекунад, ман як писари дигар таваллуд мекунаму дигар барои худам зиндагӣ хоҳам кард”. Ҳамин тавр, ин духтари беақл панҷ духтарро исқоти ҳамл кард ва бори шашум ҳомиладор шуду то шашмоҳагии кӯдак ҳеҷ ҷинсашро духтурон муайян карда натавонистанд. Мегуфтанд кӯдак тавре ҷойгир шудааст, ки фаҳмида намешавад, ман ба Амина гуфтам, ки духтарам ин ҳикмати Худо аст. Ҳаминашро хоҳ духтару хоҳ писар, накуш! Аммо Амина пинҳонӣ аз ман ба духтур рафтаасту чун гуфтанд духтар аст, онро исқоти ҳамл кардааст ва табиист, ки аҳволаш бад шуд. Духтури шинос ба ман занг заду ман давида рафтам, кӯдак зинда буд, писараки норасид, ҷон меканд. Мисли гунҷишкак даҳонашро мекушоду мепӯшид, кӯдак чанд соат ҷон канда, баъд фавтид. Ин манзара шояд то мурдан аз пеши назарам дур нашавад, духтарамро баъди ду рӯз аз беморхона ҷавоб доданд. Ба ӯ гуфтам, ки дигар асло ҳомиладор нашав, шавҳараш низ сахт сарзанишаш кард, ӯ тавба кард, вале дуои кӯдакони куштааш ӯро гирифт…
Сиёҳпича
Баъди як моҳи ин воқеа як рӯз духтаракаш хабар овард, ки модарам касал шудааст. Давида рафтам, ки таб дораду як синааш суп-сурх варам аст, чун аҳвол пусидам, гуфт:
-Очаҷон, хоб дидам, ки синаамро каждум газид ва аз шаб боз сӯзиш дорад.
Рӯзи дигар апааш ӯро ба духтур бурд, духтур баъди муоина гуфтааст, ки як омоси хурд аст, шояд шири бандхӯрда бошад, агар бо табобат нашуд, ҷарроҳӣ карда мегирем. Баъди табобат ҳам сӯзиши синааш намонд ва ӯро ба пойтахт равон кардем ва ташхиси даҳшатовари саратони сина…
Ду сол бо ин беморӣ мубориза бурдем, на Маскав монду на Ҳиндустону на муллову на табиб ва духтарам дар дил сад армон ин оламро падруд гуфт. Чӣ қадар азоб кашид, ки Худованд ба душмани кас нишон надиҳад. Омос ними пайкарашро хӯрда буду беҳушу беёд мехобид, ҳамин ки ҳушаш дар сараш мезад мегуфт:
-Оча, фақат кӯдаконро миёни хуну хаф мебинам, мегирянду ғаш мекунанд, дастаконашонро сӯям дароз мекунанд, ёрӣ металабанд. Намедонистам ба вай чӣ бигӯям, шабу рӯз аз Худо талаб мекунам, ки гуноҳи ғурамарги маро бубахшад. Шумо низ дуо кунед, хонандагони азиз…
Садбарг
Таснифи Дилошӯб