new banner new years
Духтар, ки бе падар монад…
1967


Чанд рӯз пеш дар сомона номаи занеро таҳти унвони “Духтари телефонбозам қасди худкушӣ мекунад” мутолиа намуда, нисбати мушкили ба сари ин модар омада бе тараф истода наатвонистам.

Ман мушкилии ин занро хеле хуб дарк мекунам, чунки худам модари се духтару як писар ҳастам. Дар тарбияи дурусти фарзанд ҳам модар нақш мебозаду ҳам падар, вале ман фикр мекунам, ки нақши падар бояд бештар бошад. Сабаби асосии аз тарбия дур мондани духтари ин зан дар ҳамин аст, ки фарзандонаш бе назорати падар мондаанд.

Аксарияти занҳо-модарон хеле дили меҳрубон доранду фарзандро эрка мекунанд, вале ин эркакуниҳо оқибат балои ҷонашон мегардад. Ба муаллифи нома маслиҳати ман ҳамин аст, ки зудтар ба шавҳар ё пайвандони шавҳараш муроҷиат намуда, лаҷоми духтари эркаашро кашида монад.

Вагарна кор аз кор гузашта, дар дами пирӣ хонавайрону шарманда шуданаш имконпазир аст. Духтарону писарон дар айни ҷавонӣ аз хомиву беақлӣ баъзан даст ба корҳое мезананд, ки тамоми умр дар дафтари зиндагияшон ҳамчун доғи ношустанӣ боқӣ мемонад. Аксари мардони тоҷик баробари ба муҳоҷират рафтан, зану фарзандони худро фаромӯш мекунанду дар 4-5 сол як маротиба ба Ватан меоянд.

Ман мефаҳмам, ки аксарияти мардон аз мастӣ ба муҳоҷират намераванд, вале агар шавҳари ҳамин зан дар як сол як маротиба ба хонааш меомаду ба тарбияи фарзандонаш диққат медод, шояд кор ба чунин ҳол намерасид. Ҳоло, ки сари вақт аст, пеши роҳи чунин фарзандонро гирифтан лозим аст, вагарна фардо дер мешавад.
Зулфия, аз шаҳри Душанбе.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД