Наргис ном дорам, 29-солаам. Соҳиби маълумоти олӣ мебошам. 10-моҳ пеш саримақсад омада, хонадор шудам. Шояд ҳайрон шавед, ки чаро дер оиладор шудаам?! Ростӣ, аз паси хондан шуда, нафаҳмида мондам, ки умрам ба 30 дакка хӯрда истодаааст.
Талабгоронам зиёд буданд, аммо ман ҳеҷ кадомашонро хуш намекардам. Модарам чандин бор маро ҳушдор дода бошанд ҳам ман парвои оламу одамро намекардам. Аз паси ару фари худ будаму аз ҳавобаландии зиёд биниям осмонро мехарошид. Хонда, олима мешавам гуфта, тамоми забонҳоро аз худ кардам. Билохира ҳушам ба сарам заду назди худ аҳд кардам, ки бояд оиладор шавам. Ҳамин тавр ҳам шуд. Шавҳарам марди зандору фарзандор буд. Ӯ маро бо оилааш яъне зану фарзандонаш шинос кард. Баъди чанде кундошам ба хостгории ман омад. Модарам низ чизе напурсида, ҳаволаро ба худи ман супорид. Падарам низ ризоияти маро пурсида, маро ба ин марди зандор ба шавҳар дод.
Шавҳарам хеле пулдор аст. Ба номи ман хонаҳои барҳавои ду ошёна харида дод. Ман ҳамроҳи кундошам дар як хона зиндагӣ мекунам. Бисер зани хоксору ҳалиму меҳрубон аст. Ҳамеша маро дастгири мекунад. Дусол мешавад, ки бо ҳам дар як ҳавлӣ умр басар мебарем. Фарзандони ӯро бениҳоят дӯст медорам. Онҳо низ маро аз модарашон кам намешуморанд.
Хулоса, баъди як соли зиндагӣ ман ҳомиладор шудам. Шавҳарам тамоми нозу нузамро бардошта,маро намегузошт, ки дастамро ба оби хунук занам. Вақти таваллуд фаро расид. Маро ба беморхона бурданд. Худованд ба ман яку якбора ду шоҳписар ҳадя намуд. Худоро шукр мегуфтам, ки аз неъмати парвардигор бенасиб намондам. Як духтари шаҳарам 7 сол боз бе фарзанд аст. Духтурон иллати бенаслиро дар шавҳараш ёфта, ба онҳо тавсия додаанд, ки бо ягон роҳ фарзандор шуда наметавонанд. Ин масъала шавҳару кундоши маро бетараф намегузошт. Гап кушоду шуду, шавҳарам аз ман хоҳиш кард, ки як писарамро ба Нилуфар тӯҳфа кунам. Кундошам низ оби чашм рехта зориву илтиҷо намуд, аммо дилам намешавад. ки дугоникҳоямро аз ҳам ҷудо кунам. Ман нав соҳиби фарзанд шудаму чӣ хел бо ду дасти адаб бароварда ба каси дигар диҳам?! Иин корро карда наметавонам. Аз аъзои оилаи худамон низ касе розӣ нест. Модарам мегӯянд, ки ин сеюм фарзандамро ба онҳо тӯҳфа кун. Айни ҳол, ки дар хонаи модарам ҳастаму чилрӯзгии худу кудаконамро пушти сар дорам, маҷбур шудам, ки аз хонандагони нуқтасанҷи “Оила” маслиҳат пурсам. Чӣ кор кунам?
Наргиси ҳайонмонда