Ман Мавлуда, сокини маҳаллаи Саховати пойтахт мехоҳам дарди диламро ба шумо гуфта маслиҳат бипурсам.
Дар ҳамсягии мо Зебо ном зани шаттоҳе зиндагӣ мекунад. Аввалњо рӯйи ин занро бинам, авзоам бељо мешуд, вале хотири њамсоягї саломашро алейк мегирифтам. Биё нагӯям ҳам, ин зан мудом бо ягон баҳона дари маро кӯфта, меҳмони нохонда мешуд ва аз як сар ҳамсояҳро ғайбат карда мебаромад. Ман ҳаргиз гапҳои ӯро об намедодам, вале рафта-рафта ба сафсаттахонињояш одат кардам. Ҳамин тавр ману Зебо дугона шудем. Мабодо ба бозор ё меҳмонӣ рафтанӣ шавам, калиди хонаамро ба дасти ин зан медодам, то ки шавҳару бачањоям аз кору дарс омада дар кўча намонанд, вале...
Чанд рӯз пеш холаам тӯй дошт ва мани сода боз калидро ба дугонаам додаму ҳамроҳи бачаҳоям ба деҳа рафтам. Базм бошукўњ гузашта бошад ҳам, таги дилам ким-чихел сиёњї оварда аз сар задани ягон нохушї дарак медод. Баробари ба хона баргаштан ба назарам чунин намуд, ки касе ҳама ҷоро кофтукоб кардааст. Дилам таҳ кашид ва саросемавор дари сефро кушодам. Аз пули барои рӯзи мабодо захира кардаи шавҳарам ному нишон набуд. Аввал хаёл кардам, ки дар набудани ман шавҳарам пулро гирифтааст, вале вақте бегоҳ дар ин бора даҳон кушодам, мардакам ба ғазаб омада гуфт: «Занак, ту мабодо девона-ку нашудаї, охир ман пулњоямро њар моњ тин ба тин ба дастат месупорам, сарам задагї нест, ки маблаѓи барои рўзи мабодо љамъкардаамро бигирам!»
Гиря карда аз гум шудани пул ҳамсарамро хабардор кардам. Ман чанд маротиба дар назди Зебо дари сейфро кушода пул гирифта будам, бар замми ин, чанд рӯзи дар деҳа буданам калиди хона дар дасти ин зан буд. Ҳамрҳи шавҳарам ба хонаиЗебо рафтем, то куљо ѓайб задани пулҳоро бипурсем, амм дузди зўр соњиби молро мебандад гуфтагї барин, њамсоязани шаттоњ ќиёматро ќоим карда, таҳдид кард, ки моро ба суд медињад. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, дугонаи худозадаам бар замми дуздиаш маро тўњмат карда ба шавҳарам гуфт, ки занат худаш пулро ба ягон кавалераш додааст. Мардакам ба гапҳои ин зани шаттоҳ бовар карда, маро мурданавор лату кӯб кард.
Муштариёни азизи сомонаи Оила. ТЧ, бовар кунед, як ҳафта шуд, ки як луқма нони мехӯрдаам дар баданам заҳр шуда истодааст. Шавҳарам ду пояшро ба як мӯза андохта мегӯяд, ки пулҳои маро ба кадом “буққа” дода бошӣ, ба хубӣ дубора баргардон, набошад саратро қоқоқоқ метарошам ва дуздию фоҳишагиатро дар ҳама ҷо овоза карда, шармандаат мекунам. Ман дар умрам ғарию дуздӣ накардаам, вале бегуноҳиамро бо ягон роҳ исбот карда натавониста истодаам. Шавҳарам ба тӯҳмати ҳамон Зебои шаттоҳи худозада бовар кардааст ва “сирри дили дугонаро дугона медонад, агар ту ягон бало намедоштӣ, ин занак чунин намегуфт” гӯён, ҷонамро ба лабам оварда истодааст, ки пулҳоро чи хеле, ки нест кардӣ, ҳамон тавр ёфта мебиёрӣ. Ман як зани бесаводи хонашин ҳастам, аз куҷо понздаҳ ҳазор сомонӣ ёфта ба шавҳарам диҳам?!
Падару бародаронам бисёр бадҷаҳл ҳастанд, агар шавҳарам ба онҳо гӯяд, ки духтаратон кавалербозӣ карда, пулҳои маро ба каим- кадом ошиқаш додааст, маро зинда намемнанд. Илтимс, ба мани тӯҳматзада маслиҳат диҳед, чи хел мегшуноҳиамро исбот намоям?
М, аз маҳаллаи Саховати ш. Душанбе