Салом кормандон ва хонандагони азизи Oila.tj! Ман зани 40-сола, зодаи шаҳри Ваҳдат, айни ҳол дар яке аз маҳбасҳои кишвари Русия зиндонӣ ҳастам. Муддати панҷ сол мешавад, ки аз ёру диёр дур, дар ин сарзамини сард дар пушти панҷара рӯзҳоро мешуморам. Дилам ба ёди фарзандонам гум мезанад, мехоҳам паранда шуда, болу пар кушоям ва аз болои симхору деворҳои касногузари маҳбас парвоз карда, ба назди тифлаконам равам, вале...
Тақдирро тадбир нест ва ман бояд боз панҷ солу шаш моҳи дигар ба азобу ранҷи зиндон тоқат кунам. Сабаби аз озодӣ маҳрум гаштани банда фиребу найранги дӯст аст. Дугонаи ҷониам, ки мани хомхаёл ӯро беҳтарин дӯстам мепиндоштам, душмани ҷонам гашта, маро ба ин балои азим гирифтор кард. Зани босавод, омӯзгор ҳастам ва ҳамеша шогирдонамро насиҳат карда, мегуфтам, ки фирефтаи суханони ҳар кас нашаванд, бехабар аз он ки рӯзе худам ба доми макру фиреби дӯст гирифтор мешавам...
Намедонам пеши Худованд чӣ гуноҳ кардаам, ки маро ин қадар имтиҳон мекунад. Аз рӯзи аввал аз бахт наосудам, шавҳари якумам “ту қишлоқии бефаҳмӣ” гӯён, думболи зани таннозеро гирифта рафту бо як писарча дар чорсӯйи зиндагӣ ҳайрон мондам. Падару модарам баъди чанд сол маро дубора ба шавҳар доданд, вале боз бахт ба рӯям нахандид. Аз ин мард ду духтарчаи дугоник таваллуд кардам. Шавҳарам ба ҷойи Худоро шукр гуфтан, “Ту писар таваллуд накардӣ, ба ман зани духтарзой даркор нест” гӯён, бе ягон айбу гуноҳ талоқамро доду маро бо се фарзанд дубора миёнаи роҳ кард...
Зани тоҷик сабуртарин ва пуртоқаттарин зани дунё буда, ба хотири фарзандонаш ба ҳама кор қодир аст. Ман низ хотири се фарзандам миёнамро маҳкам баста, аробаи зиндагиамро ба танҳоӣ мекашидам. Рӯзгорам чандон бад набуд, метавонистам имрӯз низ зиндагии орому осоишта дошта бошам, вале фиреб хӯрдам, фиреби сахт. Ба мисли ман занону духтарони фиребхӯрдаи тоҷик ин ҷо хеле зиёданд. Аксарияташон ба хотири аз даст надодани ишқи дурӯғини мардони рӯбаҳмиҷоз даст ба қонуншиканӣ зада, ба пушти панҷара афтидаанд. Қиссаи ин занҳои роҳгумзадаро шунида, афсӯс мехӯрам.
Хонандаи Oila.tj