Дугонаам хусурамро таги чашм кардааст
06.10.2025
СУДОБА
441

Салом! Мехоҳам бо ин навишта мушкиламро ҳал кунам, ҳам дугонаамро ба инсоф даъват намоям, ҳам маслиҳат пурсам.

Нигина ном дугона дорам. Мо ҳар ду ҳамсинф ҳастем. Аз кӯдакӣ як ҷо калон шудем, вале Нигина замони донишҷӯйӣ ба қавле “чашмаш кушода” шуд. То шавҳар кардан чанд “кавалер”-ашро иваз кард. Баъди шавҳар кардан зуд фарзанддор шуду пас аз ду фарзанд ба дунё овардан ҷудо шуд. Боз ҳамон аҳмади порина.

Акнун касофатии ӯ ба ман зарар мерасонад. Гап дар сари он ки ӯ чанд бор ба хонаи ман омада, бо хусурам шинос шуд ва акнун ӯро таги чашм кардааст. Бо ҳар баҳона ба хонаи мо меояд. Дар гирди падарам (хусурамро падар мегӯям) тор танида мегардад. Барои ёрдампулӣ, барқамро соз кардан лозим ва сад баҳона пеш оварда, хусурамро ҳамроҳаш мебарад. Ин марди 60-сола ҳам ба назарам асираш шуда, давдавон меравад. Касе гумон набарад ҳам, ман медонам, ки мақсади Нигина чист.

Агар хушдоманам огоҳ шавад, маро барои чунин дугонадориам аз хона пеш мекунад. Шавҳарам чӣ? Худоё, кай пою қадами ин “дугона”-и ман аз хонаи мо канда мешуда бошад? Кай ӯ думболи нафари дигар шуда, домани хусури маро сар медиҳад?

Намедонам чӣ кор кунам? Ба ман маслиҳат диҳед.

СУДОБА, ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД