Arzon march 2024
Дучархарон зери чархи “Опел” монд
1073

 

Дучархарони 61 соларо ронандаи автомошина ҳангоми ҳаракат дар роҳ пахш кард.

Таври маълум Нуъмонҷон Сайдуллоеви 65 сола, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» сокини шаҳри Исфара аст, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Исфара-Лаккон”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Навгилем, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Абдусаттор Улмасов сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.

Дар натиҷа ронандаи дучарха ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад, омадааст дар хабари вазорати корҳои дохилӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД