toyota motors
Ду зан ва як мард дар зери чархи мошин ҷон доданд
266

Вазорати корҳои дохилии кишвар аз ҳалокати ду зан ва як мард бар асари садамаи нақлиётӣ хабар додааст.

Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 13-уми апрели соли равон, тахминан соати 19:00 ронандаи автомашинаи тамғаи “ВМВ-520” Мирзозода Амонуллоҳ Холмурод, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи А. Ҷомӣ ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Хуросон ба шаҳри Бохтар дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ду зани пиёдагард - Шарофат Раҳимқуловаи 70-сола ва Нуринисо Раҳимқуловаи 38-соларо, ки сокинони ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён будаанд, пахш намудааст. Дар натиҷа ҳарду зан ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Як рӯз пас, санаи 14-уми апрел, тахминан соати 12:50 дақиқа ронандаи мототсикли тамғаи “Утка” Кузиев Абдукарим Юлдошевич, соли таваллудаш 1968, сокини ноҳияи Вахш ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаашон ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Ҳайдаров Суҳрб Султонович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Ҷ. Балхӣ бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи мототсикл Кузиев А. Ю. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия ба ҳалокат расидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД