Дар номи як шахс ду заминро ҳуҷҷат кардан тибқи қонунгузорӣ иҷозат аст?
ЗАРИФХӮҶА, н. Ҷ. Расулов
Посух:
- Мувофиқи талаботи моддаи 71 (1) Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандоне, ки дорои қитъаи замини наздиҳавлигӣ мебошанд, ба онҳо дар ҳамин ноҳия ё шаҳр дуюмбора қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки зарурияти кӯчонидани оилаҳоро талаб мекунанд. Вобаста ба дигар заминҳо, масалан, замини хоҷагии ёрирасон, замин барои ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ, барои нигоҳубини чорво ва ғайра қонунгузорӣ ба номи як шахс ҳуҷҷатгузорӣ кардани ду заминро манъ накардааст.