goodwell
Ду сокини Душанбе ба ташкили фоҳишахона гумонбар мешаванд
25.09.2026
Oila.tj
98

Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ду сокини 36 ва 41-соларо бо гумони ташкили фоҳишахона дастгир кардаанд. Мақомот аз онҳо Иқболова Гулдаста ва Аҳмадҷонова Дилором ном бурдаанд.

Тибқи иттилои мақомот, гумонбарон манзили истиқоматиро ба иҷора гирифта, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо пешниҳоди хизматрасонии маҳс эълонҳо ҷойгир намудаанд. Ба гуфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, минбаъд ин манзил барои фаъолияти ғайриқонунӣ истифода шудааст.

Дар робита ба ҳолати мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, санҷиши пешакӣ идома дорад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз шаҳрвандон даъват кардаанд, ки ҳангоми ба иҷора додани манзилҳо эҳтиёткор бошанд ва ба мақсади истифодаи он таваҷҷуҳ кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД