Писарбачаи хурдсоле бо номи Ҷуд Оуэнс аз шаҳри Манчестери Англия дар синни ҳамагӣ 2-солагӣ ба Китоби рекордҳои Гиннес роҳ ёфт. Ӯ тавонист дар бозии snooker/pool якбора ду рекорди ҷаҳониро сабт намояд.
Ҷуд бо маҳорати ғайриодӣ тӯбҳоро бо зарбаҳои дукарата ва ҳаракатҳои дақиқ ба нишон мерасонад - коре, ки ҳатто барои бисёре аз калонсолон осон нест. Мутахассисон қобилияти ӯро ҳайратовар арзёбӣ карда, таъкид мекунанд, ки чунин ҳамоҳангии ҳаракат, диққати баланд ва ҳиси дақиқ дар ин синну сол бисёр кам ба назар мерасад.
Волидони Ҷуд мегӯянд, ки ӯ бозиро бештар ҳамчун шавқу ҳавас оғоз кардааст, аммо маҳз ҳамин шавқ ӯро ба рекордҳои ҷаҳонӣ расонд.