Туркия якумин электромобили худро истеҳсол кард. Раҳбари Туркия дар муаррифии нахустин мошинҳои истеҳсоли маҳаллӣ ширкат кард.
Аввалин соҳибони мошини нави электрикии тамғаи “Togg T10X” худи Эрдуғон ва ҳамсараш Эмина ҳастанд. Раҳбари Туркия барои худаш мошини барқии кабуд ва занаш сурхро интихоб кард.
Раҳбари Туркия аввалин намунаи мошинҳои нави барқиро ба ду президент - Илҳом Алиев ва Шавкат Мирзиёев тақдим кард.