Модари президенти собиқ ва бибии раисҷумҳури кунунии Туркманистон Огулабат Бердимуҳаммадова аз олам даргузашт.
Ба гузориши расонаҳо марҳум ба далели синну сол ва бемориҳои музминаш пайваста таҳти назорати табибон қарор дошт ва соли гузашта аҳволаш вазнин шуда буд. Ҳатто он замон расонаҳо навиштанд, ки ӯ даргузаштааст, вале баъдан иттилоъ дода шуд, ки бо кӯмаки табибони олмонӣ шифо ёфт.
Вобаста ба ин фоҷеа Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ба унвони Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, кишвардори пешини Туркменистон барқияи тасаллият фиристод, - навиштааст сомонаи президенти кишвар.