1xbet
Ду ҳодисаи нохуш дар як рӯз
13.06.2025
Oila.tj
161

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар аз рух додани ду ҳодисаи нохуш хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, 10-уми июни соли 2025, соати 12:38 дақиқа навбатдори Шуъбаи ВКД дар шаҳри Норак ба сардори Хадамоти ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ-кӯҳии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Норак хабар расонидааст, ки шаҳрванд Хитров Андрей Евгенеевич, соли таваллудаш 27.03.1971, истиқоматкунандаи кӯчаи Ш. Юсуфӣ, хонаи №11, ҳуҷраи №8 дар дохили ҳуҷра фавтидааст.

Баъд аз гирифтани хабар, ҳайати шахсии Хадамот ба суроғаи зикршуда расида, соати 13:50 дақиқа дари хонаи марҳумро боз карда, ҷасадро аз хона бароварда, ба мақомоти дахлдор супоридаанд.

Гуфта мешавад, ки ин шаҳрванд танҳо зиндагӣ мекард ва дар бораи пайвандонаш касе чизе намедонад.

Инчунин, 10-уми июни соли 2025, соати 16:50 дақиқа дар ҳудуди шаҳри Норак садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст.

Автомашинаи тамғаи BMW, ки аз ҷониби як сокини 21-солаи шаҳри Душанбе идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Кибил ба самти маркази шаҳр ба автомашинаи тамғаи Toyota Camry, ки онро як сокини 24-солаи деҳаи Тутқавули ҷамоати деҳоти Пули Сангин идора мекард, бархӯрдааст. Бар асари ин ҳодиса ронандаи Toyota Camry дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Сабаби садамаи маргбор аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронандаи 21-солаи мошини BMW гуфта шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД