Ду шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистонро, ки дар Русия бесарпаноҳ монда будаанд, ба ватан баргардонидаанд.
Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Русия, баргардонидани кӯдакон бо мусоидати хадамоти консулии сафорат ва дар асоси “Созишномаи ҳамкории кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҷеъ ба баргардонидани ноболиғон” сурат гирифтааст.
Дар иттилоияи расмӣ гуфта шудааст, ки ин ноболиғон дар қаламрави Русия бепарастор монда буданд.