toyota motors
Ду нафар дастгир шуданд: яке гӯши дигариро газидааст
13.04.2026
Oila.tj
99

Барои содир намудани ҷинояти авбошӣ ва дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино шаҳрвандон Муҳаммади Раҳмон, сокини 30-солаи ноҳияи Ш. Шоҳин ва Субҳонов Муҳаммад, сокини 36-солаи шаҳри Душанбе дастгир карда шудаанд.

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, зимни санҷиш муайян гардидааст, ки номбурдагон санаи 3-юми апрели соли ҷорӣ дар кӯчаи Хоразмӣ бо ҳамдигар муноқиша намуда, якдигарро мавриди латукӯб қарор додаанд. Дар ҷараёни муноқиша Муҳаммади Раҳмон аз ҳиссиёти авбошӣ гӯши шаҳрванд Субҳонов Муҳаммадро газида, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ҳар ду нафар маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, парванда мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД