goodwell
Ду корманди милитсия як духтари ноболиғро аз марг наҷот доданд
245

Ду нафар кормандони милитсия - Шаҳбоз Туев ва Аъзам Сайфов як духтари ноболиғро, ки худро ба дарё партофтаааст, аз марг наҷот додаанд.

Тибқи иттилои Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Шаҳбоз Туев ва Аъзам Сайфов, ки кормандони Маркази хидматрасонии эвакуатории шуъбаи БДА дар Душанбе мебошанд, як духтари ноболиғро, ки бо сабабҳои номаълум бо қасди худкушӣ худро ба дарёи Душанбе партофтааст, аз об берун баровардаанд.

Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе рӯзи 24-уми май барои ин амали нек ва инсондӯстона Шаҳбоз Туев ва Аъзам Сайфовро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД