Дар натиҷаи санҷиши муроҷиатҳои шаҳрвандон, аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, дар натиҷа ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ, шаҳрвандон Шарифзода Абдуҷаббор ва Ҷурахонов Ҷумахон дастгир карда шудаанд.
Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, зимни санҷиш муайян гардидааст, ки номбурдагон бо пӯшидани либоси низомӣ худро ҳамчун корманди бозрасӣ муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб аз шаҳрвандон маблағҳои гуногун талаб карда гирифтаанд.
- Дар воқеъ, амалҳои ғайриқонунии онҳо боиси коста гаштани обрӯ ва эътимоди ҷомеа ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегардад. Вобаст ба ин, бо мақсади оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати гумонбарон маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад,- меафзояд манбаъ.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки агар мавриди фиреби ин ду нафар қарор гирифтаанд, тавассути рақамҳои (+992) 018020202 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.