Кормандони милитсия дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ду ҷавонро дастгир намудаанд, ки ба рӯяшон ниқоб кашида, молу амволи дигаронро бо роҳи зӯрӣ мерабудаанд.
Ғанӣ Зокирҷонович ва Хулозим Саъдуллоев қаблан низ барои ҷинояти дуздӣ суд шудаанд, вале ба ҷойи ислоҳ шуда аз роҳи хато баргаштан, дубора даст ба ҷиноят задаанд. Тавре дар барномаи “Ахбори ВКД” иттилоъ дода шуд, номбурдагон шаби 4 ба 5-уми январи соли равон ба рӯяшон ниқоби сиёҳ кашида, ба хонаи сокини кӯчаи Саъдии Шерозии ноҳияи Дӯстӣ Нурулло Акрамов даромада, ба гулӯи соҳибхона корд гузошта, бо роҳи таҳдид ва зӯрӣ 15000 сомонӣ ва 1 телефони мобилиеро, ки 3000 сомонӣ арзиш дорад, рабудаанд.
Айни замон нисбати гумонбаршудагон бо моддаи 249-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои роҳзанӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомот идома дорад. Тибқи ин банди қонун ба онҳо аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.