Салом. Номи ман Иброҳим, аз н. Хуросон ҳастам. Чандест, ки ба деҳаи мо одамони нав ба нав кӯч мебанданд. Як ними деҳаро қариб одамони нав гирифтаанд.
Аввал дар деҳа сайругашт мекардӣ, ҳама одамони кӯҳна буданд, аммо ҳозир қариб ними аҳолии одамони деҳаи мо бегонаанд. Хулоса, бо якеи аз онҳо дӯст шудам. Бо ҳамдигар ба сайру тамошо рафтем.
Дӯстам хеле дилёб буд. Мо дар хона наздики 100 сар чорвои хурд ва калон дорем. Баъд аз оне, ки ман бо ҳамсояи нав дӯст шудам, аз оғили мо ҳар моҳ ду гӯсфандӣ гум мешавад. Моҳи аввал вақте ки ду гӯсфанд гум шуд, дӯстам маро тасаллӣ дод, ки гӯсфандони ман низ гум шуданд. Хостам ба пулис муроҷиат кунам, садди роҳам шуда, гуфт, ки “саросема нашав, кӯрхат мекунем, молҳоят пайдо мешаванд”.
Моҳи дуюм низ ду гӯсфанди ман гум шуд. Саҳар хеста, ба пулис рафтанӣ шудам, ки дӯстам “як тағои ман корманди пулис аст. Ман худам муроҷиат мекунам”гуфт ва ба куҷое рафт. Ростӣ, хеле серкор будам ва мехостам, ки ягон нафари дигар ба ҷои ман даводав кунад. Хулоса, аз байн 20 рӯз гузашт, вале ба хона на пулис меояду на тағои дӯстам. Имрӯз хабаре шунида, дар дӯстии ӯ шубҳа пайдо кардам. Ягон гӯсфанди ӯ гум нашуда будааст, балки чандто зиёд шудааст. Ба хонааш рафтам, нагузошт, ки гӯсфандҳояшро бубинам. Ӯ ба ягон нафар муроҷиат ҳам накардааст. Акнун ҳайрон мондаам. Чӣ кор кунам намедонам. Хотири якчанд гӯсфанд намехоҳам дӯстамро аз даст диҳам.