Аз ислоҳот то идоракунии устувори ҳавзавӣ: рушди институтсионалии низоми идоракунии захираҳои об дар қисмати тоҷикистонии ҳавзаи дарёи Сир
Об манбаи ҳаёт ва яке аз беҳтарин сарватҳои табиӣ буда, дар рушди соҳаи кишоварзӣ, иқтисод ва таъмини некӯаҳволии аҳолӣ нақши калидӣ дорад. Дар замони муосир бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ва торафт азоиш ёфтани талабот ба ин неъмати табиӣ, масъалаи истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва идоракунии оқилонаи манбаъҳои об аҳаммияти хоса пайдо намудааст.
Барои истифодаи оқилонаи об танҳо мавҷудияти инфрасохтори обёрӣ кофӣ нест. Низоме зарур аст, ки баҳри мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои гуногуни соҳаи об, кишоварзон, ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва мардуми маҳаллӣ имкони дар якҷоягӣ ҳаллу фасл намудани масъалаҳои муҳими марбут ба обу обёриро ба вуҷуд орад. Дар ҳавзаи дарёи Сир қаблан чунин механизми ҳамкории доимӣ мавҷуд набуд. Аммо бо қабули Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2015, таҳти №791 тасдиқ шудааст, дар ин самт тағйироти ҷиддӣ ба амал омад. Барномаи мазкур гузариш аз идоракунии маъмурию ҳудудии захираҳои об ба идоракунӣ дар асоси ҳудудҳои гидрологии ҳавзаҳои дарё ва принсипҳои идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои обро пешбинӣ намуда, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози ин ислоҳот таъин гардид.
Дар татбиқи амалии ислоҳоти соҳаи оби кишвар Лоиҳаи миллии Идоракунии захираҳои об (ЛМИЗО), ки аз ҷониби консорсиуми созмонҳои байналмилалӣ таҳти роҳбарии ҲЕЛВЕТАС Свисс Интеркооперейшн дар доираи созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Швейтсария амалӣ мешавад, нақши муҳим дорад. Лоиҳа солҳои 2014-2027 татбиқ гардида, аз се марҳала иборат аст: марҳалаи якум - солҳои 2014-2018, марҳалаи дуюм - 2018-2022 ва марҳалаи сеюм - 2022-2027.

Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи лоиҳа мусоидат намудан ба таъсис ва рушди ниҳодҳои миллии идоракунии ҳавзаҳои дарёҳо буд. Дар ин замина Ташкилоти ҳавзавии дарё (ТҲД) ва Шурои ҳавзавии дарёи Сир (ШҲД) таъсис дода шуда, ҳамчунин муколамаҳо дар сатҳи зерҳавзаҳо ва гурӯҳҳои кории техникӣ ташкил карда шуданд, ки ба таҳия ва татбиқи нахустин Нақшаи идоракунии қисми тоҷикистонии ҳавзаи дарёи Сир барои солҳои 2021-2025 мусоидат намуданд.
Дар радифи рушди институтсионалӣ, дар доираи лоиҳа корҳои зиёде дар самти барқарорсозии инфрасохтори муҳими ирригатсионӣ ва омӯзиши кишоварзон анҷом дода шудаанд, ки ба баланд бардоштани самаранокии истифодаи об тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи об мусоидат менамоянд.
Дар марҳалаи аввали Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об- МИЗО (2014-2018) гурӯҳи корӣ оид ба рушди идоракунии ҳавзавӣ таъсис дода шуд. Баъдан дар заминаи он Ташкилоти ҳавзавии дарёи Сир (ТҲД) - Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Сирдарё (РЗОМҲС) дар назди Вазорати энергетика ва захираҳои об таъсис ёфт. Низомномаи идора 8-уми июни соли 2020 тасдиқ гардида, 18-уми июни ҳамон сол он ба қайди давлатӣ гирифта шуд.
Вазифаи асосии Идора татбиқи усули ҳавзавӣ ва принсипҳои идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об мебошад. Ба доираи фаъолияти он танзим ва мониторинги истифодабарии об ва ҳамоҳангсозии муносибатҳои байни истифодабарандагони об, ҳамчунин таҳияи нақшаи ҳавзавӣ ва назорати татбиқи он дохил мешаванд.
Дар тӯли шаш сол муколамаи ҳавзавӣ бо иштироки мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои соҳаи об, кишоварзон ва ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об рушд кард. Баъдан ин майдони муколама, ки барои баррасии мушкилот ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли онҳо таъсис ёфта буд, заминаи ташаккули Шурои ҳавзавии дарёи Сир гардид.
«Бо дастгирии Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об корҳои зиёди ташкиливу ҳуқуқӣ анҷом дода шуданд. Яке аз дастовардҳои муҳим таъсиси Шурои ҳавзавии дарёи Сир буд. Чунин шуроҳо дар ҳамаи минтақаҳои ҳавзавии кишвар пешбинӣ шудаанд ва фаъолияти онҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим мешавад»,- таъкид мекунанд кормандони ЛМИЗО.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми декабри соли 2020, №681 тартиби таъсис ва фаъолияти шуроҳои ҳавзавии дарёҳо тасдиқ гардид. Шурои ҳавзавии дарёи Сир ва ҳайати он бо фармони дахлдори Вазорати энергетика ва захираҳои об таъсис дода шуданд ва Шуро шаш сол боз фаъолият дорад.
Мувофиқи тартиби муқарраршуда, шуроҳои ҳавзавӣ аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои об ба муҳлати панҷ сол ҳамчун мақомоти машваратӣ таъсис ёфта, ба идораҳои ҳавзавии дарёҳо дар идоракунии самараноки захираҳои об ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ҷонибҳои манфиатдор кумак мерасонанд. Аъзои Шуро фаъолияти худро бе подош анҷом медиҳанд. Таъминоти ташкилию техникии фаъолияти он ба зиммаи Идораи захираҳои оби минтақаи ҳавзавии дарёи Сир гузошта шудааст. Ҳамин тавр, муколама мақоми расмӣ гирифта, ба заминаи устувори давлатӣ такя менамояд.
«Дар Шурои ҳавзавӣ ҳамаи масъалаҳо баррасӣ мешаванд. Агар мушкиле вуҷуд дошта бошад, мо якҷоя роҳҳои ҳалли онро меҷӯем. Ҳадаф танҳо шунидани мушкилот нест, балки пайдо кардани механизми амалии ҳалли он мебошад»,- мегӯянд кормандони ЛМИЗО.

Шурои ҳавзаи Сирдарё, 2025
Шурои ҳавзавӣ: аз муколама то банақшагирии муштарак
Ба ҳайати Шурои ҳавзавии Сир 30 узви доимӣ - намояндагони сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои соҳаи об, ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор шомиланд. Шуро масъалаҳои аз ҷониби иштирокчиён ва аз сатҳи зерҳавзаҳо пешниҳодшударо баррасӣ намуда, манфиатҳоро ҳамоҳанг ва тавсияҳо таҳия менамояд.
Барои таҳлили касбии масъалаҳо дар назди Шуро бо дастгирии лоиҳаи МИЗО чор гурӯҳи кории техникӣ таъсис дода шудаст:
- Гурӯҳи корӣ оид ба мониторинг ва арзёбии сифати об;
- Гурӯҳи корӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши хатари офатҳо;
- Гурӯҳи корӣ оид ба баланд бардоштани самаранокӣ ва маҳсулнокии истифодаи захираҳои об;
- Гурӯҳи корӣ оид ба идоракунии захираҳои обҳои зеризаминӣ.
Гурӯҳҳои кории техникӣ ҳамчун як механизми экспертӣ ва машваратӣ мебошанд. Онҳо масъалаҳоро таҳлил карда, барои Шурои ҳавзавӣ ва (ТҲД/ РЗОМҲС) тавсияҳои асоснок пешниҳод мекунанд ва ба ворид намудани афзалиятҳо ба раванди банақшагирии ҳавзавӣ мусоидат менамоянд.

Вохӯрии муколамавӣ дар зерҳавзаи ХОҶАБОҚИРҒОН-ИСФАНА-ОҚСУ, 13-уми июни соли 2025
Муколамаҳои зерҳавзавӣ: робитаи Шурои ҳавзавӣ бо истифодабарандагони об
Дар баробари муколамаи шашсолаи ҳавзавӣ, дар шаш зерҳавзаи ҳавзаи дарёи Сир низ мулоқотҳои муколамавӣ баргузор шуданд. Имрӯз онҳо ба Шурои ҳавзавӣ барои таъмини робитаи мустақим бо истифодабарандагони об кумак мерасонанд.
Чунин вохӯриҳо имкон медиҳанд, ки мушкилоти мавҷуда дар сатҳи маҳаллӣ муайян карда шуда, андешаи истифодабарандагони об ба инобат гирифта ва маълумоти бадастомада ба Шурои ҳавзавӣ, гурӯҳҳои кории техникӣ ва мақомоти масъули давлатӣ пешниҳод карда шавад.
Ҳавзаи дарёи Сир дар Тоҷикистон шаш минтақаи зерҳавзавиро дар бар мегирад:
1. Зерҳавзаи Ашт-Сир, ки ноҳияи Аштро фаро мегирад.
2. Зерҳавзаи Сомғар-Мирзоработ.
3. Зерҳавзаи Мастчоҳ-Сир, ки ноҳияи Мастчоҳро фаро мегирад.
4. Зерҳавзаи Истаравшан, ки шаҳрҳои Истаравшан, ноҳияҳои Зафаробод, Шаҳристон ва Деваштичро дар бар мегирад.
5. Зерҳавзаи Хоҷабоқирғон-Оқсу-Исфана, ки ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуровро фаро мегирад.
6. Зерҳавзаи Исфара, ки шаҳрҳои Исфара ва Конибодомро дар бар мегирад.
Дар шаш зерҳавза чор даври вохӯриҳои муколамавӣ баргузор гардид, ки дар онҳо намояндагони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, мақомоти соҳаи об ва ҳифзи муҳити зист, хадамоти обтаъминкунӣ ва коммуналӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, инчунин мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иштирок намуданд. Ин вохӯриҳо имкон медиҳанд, ки принсипи «аз поён ба боло» дар раванди қабули қарорҳо амалӣ гардад.
Занон - иштирокчиёни фаъоли раванди идоракунии захираҳои об
Занон истифодабарандагони асосии об ба шумор раванд ҳам, пештар иштироки онҳо дар баррасии масъалаҳои муҳими тақсимот, ҳифз ва идоракунии захираҳои об хеле маҳдуд буд. Барои бонувон майдоне вуҷуд надошт, ки дар он тавонанд мушкилоти мавҷударо ошкоро баён ва баррасӣ карда, мубодилаи таҷриба намоянд ва дар якҷоягӣ бо сохторҳои давлатӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор пешниҳодҳои муштарак таҳия созанд.
Бо мақсади таъмини иштироки занон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу обёрӣ Форуми занонаи ҳавзаи дарёи Сир ташкил карда шуд, ки бахше аз ислоҳоти фарогири соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Он намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, шарикони байналмилалӣ, ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, кишоварзон ва занони фаъоли ба идоракунии устувори захираҳои об манфиатдорро ба ҳам овард. Ҳадафи асосии Форум фароҳам овардани шароитест, ки занон на танҳо андешаи худро баён карда тавонанд, балки дар таҳияи қарорҳои марбут ба идоракунии захираҳои об низ фаъолона иштирок намоянд. Таъсиси чунин платформа қадами муҳиме дар роҳи татбиқи принсипҳои баробарии гендерӣ дар соҳаи об гардид.
Бояд гуфт, ки ҳанӯз дар марҳилаи ташаккули Шурои ҳавзавӣ ба таъмини иштироки баробари занону мардон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешуд. Имрӯз занон 41 фоизи аъзои доимии Шуроро ташкил медиҳанд. Таҷрибаи чандинсолаи фаъолияти Форум нишон дод, ки иштироки занон дар баррасӣ ва қабули қарорҳо имкон медиҳад, ки доираи васеътари андешаҳо ба назар гирифта шуда, сифати қарорҳо дар соҳаи идоракунии захираҳои об беҳтар гардад.

Форуми ҳавзавии занон - 2026
Шаш соли муколама ва панҷ соли фаъолияти Шурои ҳавзавӣ
Дар тӯли 11 соли муколамаи ҳавзавӣ низоми ҳамкориҳо тавре ташаккул ёфтааст, ки истифодабарандагони об ва мутахассисони соҳаи обро имрӯз ба пуррагӣ ба ҳам мепайвандад. Тӯли шаш соли аввал майдони муколама фаъолият менамуд ва беш аз панҷ сол аст, ки Шурои ҳавзавии дарёи Сир амал мекунад. Натиҷаҳои ин раванд дар он зуҳур меёбад, ки мушкилоти истифодабарандагони об бевосита ба Шуро пешниҳод шуда, ҳангоми банақшагирии ҳавзавӣ пешниҳод ва андешаҳои тамоми ҷонибҳо ба назар гирифта мешаванд.
«Фаъолияти Шурои ҳавзавӣ ба як механизми устувор табдил ёфтааст. Албатта, ҳамаи масъалаҳоро якбора ҳал кардан имконнопазир аст, аммо муҳимтар аз ҳама он аст, ки имрӯз барои муҳокимаи ҳар як мушкил ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли он майдони муносиб вуҷуд дорад»,- мегӯянд кормандони Идораи захираҳои оби минтақаи ҳавзавии дарёи Сир.
Аз аввалин нақшаи ҳавзавӣ то давраи нави банақшагирӣ
Лоиҳа ба таҳия ва татбиқи “Нақшаи идоракунии ҳавзаи дарёи Сир дар қисми тоҷикистонии минтақаи ҳавзавии дарёи Сир барои солҳои 2021-2025” мусоидат намуд. Бо истифода аз таҷрибаи андӯхташуда, омодасозии нақшаи нави идоракунии ҳавза барои солҳои 2026-2030 оғоз гардид. Ин нақша 10 марҳалаи асосиро дар бар мегирад: таҳлили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ; муайян намудани ҳудуди ҳавза; ташкили махзани маълумот, арзёбии вазъ ва хусусиятҳои ҳавза; муайян кардани дурнамои фаъолият; муайян намудани масъалаҳои асосии марбут ба об; ташаккули дидгоҳ, ҳадафҳо ва вазифаҳо; таҳияи нақшаи чорабиниҳо; ташкили низоми мониторинг ва арзёбӣ; инчунин баргузории машваратҳо ва тасдиқи нақша.

Нақшаи ҳавзавӣ
Нақшаи нав бояд пайдарпайии афзалиятҳои муайяншударо таъмин намуда, самтҳои асосии раванди минбаъдаи идоракунии захираҳои об дар қисмати тоҷикистонии ҳавзаи Сирро муайян созад. Аз ҷумла:
- Идоракунии самаранок ва устувори захираҳои об дар асоси принсипҳои Идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об (ИҲЗО).
- Сарфаи об ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи он.
- Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим.
- Идоракунии захираҳои обҳои зеризаминӣ.
Нақшаи ҳавзавӣ аз шаш ҷилд иборат буда, масъалаҳои асосии идоракунии самараноки захираҳои обро фаро мегирад. Дар он тавсифи ҳавза, вазъи экологӣ ва мушкилоти асосӣ, нишондиҳандаҳои ҳадафнок барои зерҳавзаҳо, тавозуни захираҳои об, меъёрҳои муайяни гирифтани об ва партофти он, инчунин номгӯйи чорабиниҳои зарурӣ инъикос ёфтааст.
Ҳадафи нақша арзёбии вазъи кунунии ҳавза ва муайян намудани вазифаҳои мушаххас оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об то соли 2030 ва барои дурнамои минбаъда мебошад.
Ташкилоти ҳавзавии дарёи Сир (ТҲД) фаъолияти Шурои ҳавзаро назорат намуда, дар таҳия ва татбиқи Нақшаи идоракунии ҳавзаи дарёи Сир иштирок мекунад ва пас аз анҷоми “Лоиҳаи миллии Идоракунии захираҳои об» (ЛМИЗО) ин вазифаҳоро дар доираи сохтори Вазорати энергетика ва захираҳои об (ВЭЗО) иҷро менамояд. Амалисозии чорабиниҳо тибқи Нақша аз ҷониби ВЭЗО дар ҳамкорӣ бо Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатии идоракунии захираҳои об дар вилояти Суғд ҳамоҳанг карда мешавад.
Аз соли 2022, пас аз тасдиқи Нақшаи аввалини ҳавзавӣ бо фармони Вазири энергетика ва захираҳои об, корҳо барои ворид намудани чорабиниҳои он ба барномаҳои амалкунандаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оғоз гардиданд.
Аз дастгирии лоиҳавӣ то низоми устувори идоракунии ҳавзавӣ
Таҷрибаи қисми тоҷикистонии ҳавзаи дарёи Сир нишон медиҳад, ки ислоҳоти соҳаи идоракунии захираҳои об рушди ҳамзамони ниҳодҳои давлатӣ, таҳияи механизми иштироки ҷонибҳои манфиатдор, дастгирии коршиносӣ ва банақшагирии ҳавзавиро тақозо мекунад.
Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об ба ташаккули як низоми комили бо ҳам алоқаманд мусоидат намуд: Идораи захираҳои об заминаи давлатии идоракунии ҳавзавиро таъмин мекунад; Шурои ҳавзавӣ ҷонибҳои манфиатдорро муттаҳид месозад; муколамаҳои зерҳавзавӣ иштироки истифодабарандагони обро дар маҳал таъмин менамоянд; гурӯҳҳои кории техникӣ таҳлили коршиносиро анҷом медиҳанд; Нақшаи идоракунии ҳавзаи дарёи Сир бошад, афзалиятҳои мувофиқашударо ба нақшаи мушаххаси чорабиниҳо табдил медиҳад.
Вазифаҳои асосии Идораи захираҳои оби минтақаи ҳавзавии дарёи Сир рушди иқтидор, ташкили низоми мониторинг, таҳияи Нақшаи ҳавзавӣ, таъсис ва идоракунии пойгоҳҳо, инчунин муайян намудани афзалиятҳо ва андешидани чораҳои муҳим дар доираи нақшаҳои идоракунии ҳавзаҳои дарёро дар бар мегиранд.
Вазифаҳои асосии Ташкилоти ҳавзавии дарёи Сир (ТҲД/ РЗОМҲС) аз тақвияти иқтидор, ташкили низоми мониторинг, таҳияи нақшаи ҳавза, таъсис ва идоракунии пойгоҳҳо ва муайян намудани самтҳои афзалиятнок дар доираи нақшаҳои идоракунии ҳавзаи дарё иборат мебошад. Тақвияти иқтидор ба таҳкими имкониятҳои техникӣ, институтсионалӣ ва инсонии ташкилоти ҳавзавӣ ва ҷонибҳои манфиатдор нигаронида шудааст. Маркази таълимии Идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об (гурӯҳи ИҲЗО) дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ки дар дастгирии лоиҳаи МИЗО таъсис ёфтааст, дар ин самт нақши муҳим мебозад. Маркази мазкур ба омода намудани мутахассисон ва рушди малакаҳои касбӣ дар соҳаи идоракунии захираҳои об мусоидат менамояд.
Низоми мониторинг - арзёбии мунтазами ҳаҷм ва сифати об, вазъи экологии ҳавза ва риояи талаботи муқарраршударо дар бар мегирад. Ҷамъоварӣ, санҷиш, нигоҳдорӣ, таҳлил ва мубодилаи иттилооти боэътимод барои банақшагирии асоснок ва қабули қарорҳои дуруст зарур мебошад.
Раёсати захираҳои об чораҳои асосии татбиқи Нақшаи ҳавзавиро бо дарназардошти мушкилот ва хатарҳои ҳавза, талаботи экологӣ ва захираҳои мавҷуда муайян менамояд.
Натиҷаи муҳимтарини институтсионалӣ дар он ифода меёбад, ки сохторҳо ва механизмҳое, ки дар ибтидо бо дастгирии Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об таъсис ва дастгирӣ ёфтаанд, ба низоми давлатӣ ворид гардиданд. Идораи захираҳои об ва Шурои ҳавзавӣ мақоми расмӣ ва маблағгузории давлатӣ гирифтанд ва заминаи меъёрии ҳуқуқӣ тартиби фаъолияти онҳоро мустаҳкам намуд.
Таҷрибаи Шурои ҳавзавӣ ва Идораи захираҳои оби ҳавзаи дарёи Сир як таҷрибаи пешрафта ва намунаи муфид барои дигар ҳавзаҳои дарёии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид, ки дар онҳо низ раванди ҷорӣ намудани идоракунии ҳавзавӣ бар асоси принсипҳои Идоракунии маҷмӯии захираҳои об идома дорад. Арзиши асосии ин таҷриба дар гузариш аз татбиқи чорабиниҳои алоҳида ба низоми доимии ҳамкорӣ, таҳлили коршиносӣ ва банақшагирии ҳавзавӣ мебошад.
Ҳамин тавр, Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об дар қисмати тоҷикистонии ҳавзаи дарёи Сир, ки аз ҷониби консорсиуми созмонҳои байналмилалӣ таҳти роҳбарии ҲЕЛВЕТАС бо иштироки АКТЕД ва GIZ амалӣ гардид, дар татбиқи амалии Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим бозид. Лоиҳа барои ташаккули низоми устувор, самаранок ва ҳамгирои идоракунии захираҳои об заминаи мустаҳкам гузошт ва ба таҳкими нақши Тоҷикистон ҳамчун кишвари масъул дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ дар масъалаи идоракунии устувор, самаранок ва ҳамгирои захираҳои об мусоидат намуд.

Шурои ҳавзаи Сирдарё, 2025