Дорчин (корица) таъсири пурқуввати бактериявӣ дорад. Ваннаи гарм бо якчанд қошуқи дорчин беҳтарин доруи пешгирикунанда барои зуком аст, зеро он ба зудӣ бактерияҳоро несту нобуд месозад.
Кас дар як рӯз се маротиба як қошуқ асалро бо чоряк қошуқ дорчин омехта карда, нӯши ҷон созад, ба зудӣ аз сулфа, рафтани оби бинӣ ва дигар аломатҳои зуком халос мешавад.
Роҳи осони халосӣ аз оби бинӣ
Ҳангоми зуком чизе, ки беш аз ҳама касро асабонӣ месозад, ин рафтани оби бинӣ мебошад. Барои халосӣ аз оби бинӣ аз кардамон истифода баред. Йогҳои машҳур касалиҳои бар асари шамолкашӣ пайдошударо маҳз бо чойи кардамон табобат мекунанд, зеро он таъсири хеле хуб дошта, касро ба зудӣ аз оби бинӣ халос мекунад. Кардамон луоби зиёдатиро аз синусҳои бинӣ ва бронхоҳо-шуш хориҷ намуда, шахси ба зуком гирифтор шударо аз оби бинӣ ва сулфа раҳоӣ мебахшад.
Умедворем, ки аз давоҳои номбаршуда истифода бурда, саломатии худро ва фарзандонатонро дар фасли зимистон муҳофизат мекунед.