goodwell
Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ талош дорад дастгоҳҳои ҷарроҳиро бо унсурҳои зеҳни сунъӣ ҳамгиро намояд
98

Роҳбарияти Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ бо дарназардошти рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ба навсозии заминаи моддию техникии донишкада шуруъ намудааст.

Донишкада мизи интерактивии анатомии “Пирогов”-ро харидорӣ намудааст, ки имкониятҳои муосири 3D моделсозӣ ва алгоритмҳои рақамиро ҳамгиро менамояд.

Дар ин бора Ибодзода Зарина Ҳабибулло, ректори Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дода, гуфт: “Ин таҷҳизоти инноватсионӣ имкон медиҳад, ки донишҷӯён сохти бадани инсонро натанҳо дар шакли виртуалӣ омӯзанд, балки усулҳои таҳлили рақамии маъмумотро, ки тиби интеллектуалӣ ва зеҳни сунъӣ фароҳам овардаанд, аз худ намоянд”.

Дар идомаи суҳбат Ибодзода таъкид кард, ки маркази омӯзишии симмулиятсионии донишкада ба маркази тиби рақамӣ табдил ёфта истодааст. Раёсати донишкада талош дорад дар оянда дастгоҳҳои муосири ҷарроҳиро бо унсурҳои зеҳни сунъӣ ҳамгиро намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД