1xbet
Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ донишҷӯёни маъюб ва ятимро дастгирӣ мекунад
101

Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бобати дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ҷонибдорӣ намуда, донишҷӯёни ятим ва дорои маъюбиятро дастгирӣ мекунад.

Тавре Ибодзода Зарина Ҳабубулло, ректори Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт: “Дастгирии донишҷӯёни ятим ва маъюб дар маркази диққати роҳбарияти донишкада қарор дорад. Ба 14 нафар донишҷӯёне, ки маъюбият доранд ё ятими кулл мебошанд, имтиёз дода шудааст ва аз пардохти маблағи таҳсил озоданд. Илова бар ин, 12 нафар донишҷӯёне, ки аз оилаҳои камабизаот ҳастанд, маблағи таҳсилашон аз 50 то 100% кам карда шудааст”.

Дар идомаи суҳбат Зарина Ибодзода гуфт, ки дар баробари донишҷӯёни ятим ва маъюб роҳбарияти донишкада донишҷӯёни фаъолро низ ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. 12 нафар донишҷӯёни хушзеҳн, ки аъло мехонанд ва дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд, аз пардохти маблағи таҳсил озод карда шудаанд.

Соли равон 878 нафар донишҷӯён ба Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон дохил шуда, нақшаи қабул 98% иҷро шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД