Дар доираи Фестивали театрии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) «ГИТИС-мастер-класс» рӯзи 15 ноябр мулоқоти намояндагони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо ректори Донишгоҳи умумирусиягии кинематография ба номи Сергей Герасимов (ВГИК) Владимир Малишев баргузор гардид. Дар ин хусус Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар додааст.
Ҷонибҳо бо мақсади рушди ҳамкории байни муассисаҳои олии таълимии Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи фарҳангу санъат ҳавасамандӣ зоҳир намуда, доир ба омодасозии мутахассисони касбӣ ва омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар дар ин бахш табодули афкор намуданд.
Зимни мулоқот ҳамчунин масъалаи рушди ҳамкорӣ дар коркарди лоиҳаҳои муштарак, баргузории мастер-классҳо ва иштирок дар чорабиниҳои баргузоршаванда дар Тоҷикистон ва Русия мавриди муҳокима қарор гирифт.