Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявиро аз пардохти маблағи таҳсил озод мекунад
29.01.2026
Фирӯза
71

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро аз пардохти маблағи яксолаи таҳсил қисман ё пурра озод менамояд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода иттилоъ дод.

Дар идомаи суҳбат, Раҳмонзода мавзӯъро шарҳ дода гуфт: “Донишҷӯёне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷойи аввалро ишғол менамоянд, аз пардохти маблағи яксолаи таҳсил ба пуррагӣ озод карда мешаванд. Ғолибони ҷойи дуюм аз пардохти 75%-и маблағи яксолаи таҳсил ва онҳое, ки сазовори ҷойи сеюм мегарданд, аз пардохти 50%-и маблағи таҳсил озод карда мешаванд. Устодоне, ки донишҷӯёнро ба чунин озмунҳо омода месозанд, бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд“.

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар ба ҳисоб рафта, дорои 8 факулта, шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ–педагогӣ, 20 кафедра ва 4 марказ мебошад.

Дар назди донишгоҳ Литсейи инноватсионии «Душанбе амал мекунад, ҳамчунин донишгоҳ дар шаҳри Исфара филиали худро дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД