formula feb 2025
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 17647 мутахассис омода кардааст
53

- Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар тӯли фаъолияташ 17647 мутахассисонро барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар тайёр намудааст, ки 680 нафаршон донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намудаанд,- гуфт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ.

Бино ба гуфтаи ӯ, “баланд бардоштани сифати таълим дар донишгоҳ ҳамчун яке аз мақсадҳои стратегии донишгоҳ пазируфта шудааст”.

Инчунин, зикр гардид, ки ба ҷойи кор тақсим намудан ва мониторинги хатмкунандагон яке аз вазифаҳои афзалиятноки донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Дар соли 2024 аз 531 нафар хатмкардагони шуъбаи рӯзона 438 нафарашон бо ҷойи кор таъмин шудаанд, ки дар умум 82,4%-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2023-юм 10% зиёд мебошад.

Дар соли 2024 аз рӯйи 44 ихтисос донишҷӯён қабул карда шудаанд, ки нисбат ба соли 2023-юм 8 ихтисос зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ иҷроиши нақшаи қабул 84,4% иҷро гардида, нисбат ба соли 2023-юм 27,7% боло рафтааст.

Қобили зикр аст, ки дар донишгоҳ озмунҳои “Ихтирокорони ҷавон” ва “Беҳтарин лоиҳаҳои инноватсионии донишҷӯён” моҳи майи соли 2024 баргузор гардида буд, ки аз лоиҳа 24 нафари он ғолиби озмун гардида, дар ҳаҷми 15500 сомонӣ бо мукофотпулиҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД