Commerce bank may-june 2026
Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар пойгоҳи байналмилалии SCOPUS ба қайд гирифта шуд
23.07.2026
Оила
41

Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар пойгоҳи байналмилалии SCOPUS ба қайд гирифта шуд

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҳамкориҳои хешро бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ густариш медиҳад. Дар самти рушди омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳамкорӣ бо барномаи «Эфекта»-и Британияи Кабир ба роҳ монда шуда, тавассути он зиёда аз 50 омӯзгор ва беш аз 500 донишҷӯ ба омӯзиши забони англисӣ ҷалб шудаанд. Дар ин бора имрӯз, 23-юми июл ректори донишгоҳи мазкур Аҳлиддин Ибодуллозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода гуфт:

“Ду нафар омӯзгорони донишгоҳ барои такмили ихтисос ба Русия ва Олмон ва 16 нафар барои иштирок дар конфронсҳо ва дигар чорабиниҳои байналмилалӣ ба Англия, Фаронса, Русия, Ҳиндустон, Туркманистон, Озарбойҷон, Корея, Чин ва Узбекистон сафари корӣ анҷом доданд. Дар доираи барномаҳои табодули академӣ бошад 26 нафар донишҷӯён барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии Беларус, Корея ва Қазоқистон фиристода шуданд.”

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамчун муассисаи илмӣ расман дар пойгоҳи байналмилалии илмии SCOPUS (Elsevier) ба қайд гирифта шуда, бо мақсади иштирок дар ду раддабандии бонуфузи ҷаҳонӣ — «QS (Quacquarelli Symonds)» ва «Times Higher Education World University Rankings» корҳои омодагӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ ба таври бонизом ба роҳ монда шудаанд.

Айни замон теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳ 350 нафарро ташкил медиҳад, ки онҳо аз 8 давлат: Афғонистон, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон, Покистон, Русия, Чин ва Корея мебошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД