Sebiston new 2024 october
Донишгоҳ донишҷӯёни ятим ва маъюбро ба нақлиёт таъмин мекунад!
1003

Дар назар аст, ки омӯзгорон ва донишҷӯёне, ки ятим, нимятим ва имкони маҳдуд доранд, бо нақлиёт таъмин карда хоҳад шуд.

Асрорзода Убайдулло Саттор, ректори Донишгоҳи Байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон ин нуқтаро гуфта гузаштанд.

Тибқи маълумоти ироагардида, дар донишгоҳи мазкур 400 донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил мекунанд. Тавре ректор қайд карданд, вобаста ба вазъи имрӯзаи Афғонистон, донишҷӯёни мо пурра аз супоридани шартнома озод карда, донишҷӯёни кишвари Ӯзбекистон қисман озод карда шудаанд.
Инчунин вобаста ба ҳавасмандгардонии занон дар риштаҳои рисолаҳои номзадӣ пешбинӣ шудааст, ки барои ҳимояи номзадӣ 20 000 сомонӣ ва рисолаҳои доктори 40 000 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар нишаст ҳамчунин қайд карда шуд, ки таъсиси кафедраи ҳарбӣ дар донишгоҳи мазкур пешбинӣ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД