arzon replenishment
Донишҷӯёни ятим аз пардохти маблағи таҳсил озоданд?
865

 

Дар баробари донишҷӯёни тоҷик дар ин донишгоҳ ҳамчунин 61 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунанд, ки онҳо асосан аз кишварҳои Афғонистон, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон мебошанд. Ин нуқта имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон садо дода, ректори нави ин донишгоҳи бонуфуз аз бурду бохти донишгоҳ ба рӯзноманигорон гуфт.

Дар донишгоҳ ҳамчунин донишҷӯёни табақаҳои ниёзманд аз ҷумла ятимони кулл ва нимятим таҳсил мекунанд, ки вазъи молиашон чандон хуб нест. Бо кӯмаки роҳбарияти Иттифоқи Тоҷикматлубот ва ректори донишгоҳ ин тоифаи донишҷӯён дастгирӣ ёфта, қисме аз онҳо пурра аз пардохти маблағи таҳсил озод карда шудаанд, қисми дигар бошанд, 50 фисади маблағи таҳсилро месупоранд.

Назарзода Хайруло, ректори тозатаъини Донишгоҳи Давлатии Тиҷоратии Тоҷикистон таъкид намуд, ки шумораи омӯзгорзанони унвондор дар донишгоҳ ба 23 нафар расида, аз 1137 хатмкунандагон 379 нафарашон духтарон мебошанд.

Ёдрас мешавем, ки Донишгоҳи Давлатии Тиҷоратии Тоҷикистон яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар маҳсуб ёфта, бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба донишҷӯён дарс омӯхта мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД