Донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ имтиҳонҳои хатмро тариқи Маркази миллии тестӣ супурдаанд
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино имсол имтиҳонҳои хатмро тариқи Маркази миллии тестӣ супурдаанд. Дар ин бора имрӯз, 23-юми июл, ректори донишгоҳи тиббӣ Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар дода гуфт:
“Бо пешниҳоди раҳбарияти донишгоҳи тиббӣ бо мақсади таъмини шаффофият дар раванди имтиҳонот ва санҷидани дараҷаи донишу саводнокии хатмкунандагон донишҷӯёни се факулта имтиҳонҳои хатмро тариқи Маркази миллии тестӣ супурданд. Ин як таҷрибаи хеле хуб буд, зеро на аз донишгоҳ ва на аз берун касе ба натиҷаи имтиҳон таъсир расонида наметавонист. 96%-и донишҷӯён аз имтиҳон дар Маркази миллии тестӣ бо сари баланд гузаштанд.”
Дар идомаи суҳбат Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ таъкид намуд, ки талаботи асосӣ дар донишгоҳ сатҳи дониш мебошад. Донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ бояд пайваста хонанд, омӯзанд ва таҷрибаи худро бой гардонанд, зеро онҳо табиб шуда, бо ҳаёти инсон ва солимии ҷомеа сарукор мегиранд.
Қобили зикр аст, ки соли равон 78 нафар донишҷӯён аз Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бо сабабҳои гуногун хориҷ карда шудаанд. Ректор таъкид намуд, ки дар сурати 48 соат бе сабаб дар дарсҳо иштирок накардан донишҷӯ хориҷ карда мешаванд.