formula
ДОМОДУ АРӮСИ НИҚОБПӮШ
2276

Шоми 20 июн дар шаҳри Хуҷанд ҷашни арӯсии давраии коронавирус баргузор шуд. Бо фарқ аз дигар маъракаҳо арӯсу домод ва наздиконашон бо ниқоби тиббӣ ба тӯйхона ҳозир шуданд. Давронҷон Шерматов ва Мастура Комилҷонова, сокинони шаҳри Хуҷанд, дар ин рӯз ақди никоҳ бастанд.

Акнун арӯсу домод ва иштирокдорони дигари тӯй пеш аз таҷлили маросим аз ташхиси коронавируси нав мегузаранд. Дар ин бора ҳукумати шаҳри Хуҷанд дастур додааст.

Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд дар шарҳи ин дастур гуфтааст, ки "ин тадбир барои пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ амалӣ карда мешавад". Бино ба дастури шаҳрдори Хуҷанд бояд иштирокчиёни маърака пеш аз оғози тӯй аз тести муайяннамоии коронавирус гузаранд.

Муҳаммадзода бо натиҷагирӣ аз вазъи воқеъии сироятшавии беморон ва пешгирӣ аз мавҷи дуюми бемории короновирус таъкид доштааст, ки “имрўз мо фурсат дорем, ки дар ҳамбастагӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз беморӣ тадбирҳои амалӣ андешем, вагарна фардо дер хоҳад шуд ва он идоранашаванда мегардад”.

Пештар ҳангоми ворид шудан ба тӯйхонаҳо таби сокинонро месанҷиданд. Ҳамчунин пӯшидани ниқоби тиббӣ ҳатмӣ буд Ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки барои пешгирии мавҷи дуюм боэҳтиёт бошад. Риоя намудани тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустии кишвар шарти муҳим ва зарурӣ дар мубориза бо ин вабои аср аст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супориши протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус минбаъд тӯйҳои домодиву арӯсӣ дар доираи оила, бо иштироки шумораи камтарини одамон баргузор карда мешавад. Тибқи тартиби нав, шумораи ҳадди аксари иштирокдорон дар маросими тӯйи домодию арӯсӣ набояд аз 30 - 40 нафар бештар бошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД