Дирӯз дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон домоду арӯс якҷоя даст ба худкушӣ задаанд. Бино ба иттилои манбаи Pressa.tj, ин келину домоди ноком ҳамагӣ чор рӯз пеш, аниқтараш санаи 25-уми март издивоҷ карда будаанд.
Як манбаъ бо шарти зикр накардани номаш гуфт, ки арӯсу домоди даст ба худкушӣ зада дар деҳаи Яккатути ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш зиндагӣмекардаанд. Ҳанӯз сабаби даст ба худкушӣ задани шаҳу арӯси ҷавон маълум нест.
Мақомоти маҳаллии ноҳияи Вахш хабари даст ба худкушӣ задани домоду арӯсро тасдиқ карданд. Аз ҷавонони худкушикарда Шарифбек Зиёев, сокини ноҳияи Вахш ва Гулҳавас Шоева, сокини ноҳияи Кӯшониён ном бурда шуд.
Гуфта мешавад, ки онҳо шаби 26 ба 27-уми марти соли равон, тахминан соатҳои як, шабона дар манзили истиқоматии домод, дар оғилхона худро ба дор овехтаанд, вале то ҳол сабаби даст ба худкушӣ задани ин ду ҷавон, ки ба тозагӣ лаззати бахтро чашида буданд, маълум нест.