Салом! Зайнура ҳастам зани 58-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ. Шавҳар ва писаронам мисли дигар мардони тоҷик дар Русия мардикорӣ мекунанд ва дар як сол танҳо як маротиба ба хона омада,як-якуним моҳ меистанду боз пайи кору борашон мераванд. Ман модари 5 фарзанд ҳастам ва ду духтарамро бе иштироки падарашон ба шавҳар додам. Падари фарзандонам дар тӯйи писаронаш омада бошад ҳам, дар тӯйи духтаронаш иштирок карда натавонист, чунки бояд барои харидани ҷиҳози хуб пули калон кор мекард. Шукри худованд ду духтарамро бе падар ба шавҳар дода бошам ҳам, зиндагиашон хуб ва бисёр хушбахтанд. Духтари сеюмам низ имсол мактабро хатм карда, бо савод ва дониши худаш ба донишгоҳ дохил шуд. Таъриф нашавад, духтарам хеле зебо ва аз ҳама муҳимаш ҳунарманд ва бамаънӣ аст. Чанд ҳамсояи худамон ба духтарам хосгор фиристода бошанд ҳам, надодам, вале як зани шаҳрӣ чанд вақт боз аз омадану рафтан остонаи дарамро охурча кардааст, ки хоҳӣ-нахоҳӣ духтаратро келин мекунам. Аз афташ хеле зани сарватманд аст, чунки ҳар бор бо дастурхонҳои пур аз қанду шириниҳои гаронбаҳо меояд. Ба нею нестонам нигоҳ накарда маҷбур ба дасти духтарам ангуштарини бриллиантӣ андохт ва барояш як гарданбанди тиллоӣ низ овард. Зоҳиран ин зан одами хуб менамояд, вале ба гуфти худаш писараш дар Маскав як корхона калон доштаасту аз серкорӣ барои тӯй ин ҷо омада наметавонистааст. Мегӯяд, ки чи қадаре хоҳӣ, пул мебиёрам, бе домод тӯй карда, ба мардум нону ош бидеҳ, баъд ман худам билет харида, келинамро ба Русия назди писарам равон мекунам.
Ростӣ, ба худи ман ин зан писанд афтод, охир кӣ намехоҳад, ки духтараш дар оилаи тинҷу осуда афтида малика барин зиндагӣ кунад, вале шавҳарам розӣ нест. Мегӯяд, ки писари ин занак ягон айбу гуноҳ дорад, ки бо баҳонаи кор ба Душанбе намеояд. Чанд бор гапмон аз рӯйи ҳамин масъала бо шавҳарам гурехт. Мардакам билохира розигӣ дода бошад ҳам, таъкид кард, ки худо накарда, домодшаванда чӯлоқ, девона, зандор ё ягон айбу гуноҳи дигар дошта бошад, маро ҳаргиз намебахшад
Баъди шунидани ин суханони шавҳарам байни дуроҳа монда, чи кор карданамро намедонам. Метарсам, ки агар духтарамро ба ҳамон ҷавони дар Русия буда ба шавҳар диҳаму худ накарда ягон айб дошта бшад, ҳам духтарам сиёҳбахт мешаваду ҳам худам, чунки шавҳарам қасам хӯрдааст, ки агар оби чашми духтарашро дар бари рӯяш кунам, талоқи маро медиҳад. Илтимос, маслиҳатам диҳед, чи кор кунам?
Зайнура, н. Рӯдакӣ