Дуруду паёми беҳудуд ба сомона дилошно «Оила»!
Ин номаро ба унвонат бонуе менависад, ки дар кӯчаҳои сарбастаи тақдир лолу ҳайрон мондаву чашм ба роҳи бародар аст. Чашм ба роҳи бародаре, ки 2 сол боз хоҳарро тарк карда нолаву фиғонашро намешунавад.
Ин ҷаҳони фониро падруд гуфта хоҳарро дидагирён ба ҳукми тақдир вогузор намудааст аз дасти Аниса ном зебосанами қотил. Дар оила мо ду фарзанд будем-ману бародарам Муҳаммадҷон. Падару модарам моро хуб тарбия намуда, нозпарвард ба камол расониданд.
Падарам, ки бо тиҷорат сару кор дошту ҳамеша дар ақсои ҷаҳон мегашт, тамоми нозу неъмати дунёиро бароямон муҳаё менамуд. Зиндагии хуб доштему аз бахти баландамон меболидем, бехабар аз он, ки дар паси ин хушиҳо андӯҳи гароне пайт мепояд, то бахту иқболамонро заҳролуд созад.
Бародарам ҳангоми дар курси 4-ум хонданаш ба Аниса ном ҳамсабақаш ошиқ шуд. Ошиқи зор. Анисаро ба хона оварда бо мо шинос кард. Духтари зебо ва хушқаду қомате будааст арӯсшавандаи Муҳаммад.
Меҳрубониаш ҳадду ҳудуд надошт. Аҳли оила дӯсташ доштему падару модарам ният карданд, ки баъди хатми донишгоҳ ҳардуро хонадор мекунанд. Афсӯс, он вақт ба гӯшаи хаёл ҳам намеовардем, ки дар симои ин духтари маккора қотили беинсоферо ба хона роҳ додаем. «Насибаҷон, ошиқ шудан гуноҳ нест, агар ошиқ мешудӣ, акаатро дарк мекардӣ! Ба ҳоли ман наханд балоча, чӣ кунам, Анисаро аз ҷонам бештар дӯст медорам», -мегуфт бародарам биниамро шӯхиомез пучида ва гаштаю баргашта такрор мекард, ки дӯстдоштаашро хушбахти ҷаҳон мекунад.
Муҳаммад аз дигар бародарҳо ба куллӣ фарқ дошт, самимӣ, хоксор ва меҳрубон буд. Рӯзҳоро мешуморидам, ки кай рӯзи якшанбе мешаваду бародари духтурам аз шаҳр ба хона меояд. Охирҳои ҳафта бароям ид буд, чунки Муҳаммад меомаду олам дар назарам дар як лаҳза гулистон мешуд.
Кӯдаквор худро ба сӯяш мепартофтаму аз оғӯшам раҳояш намекардам. Духтари калону қадрас бошам ҳам дар назари бародарам кӯдак будам, маро кӯдаквор навозиш менамуду ҳазлу шӯхӣ мекард. Мардаки калон шуда бошад ҳам ба корҳоям кӯмак мерасонд, намегузошт, ки хоҳараки ба ҷону дил баробараш дастонашро ба оби сард занад.
Ҳамроҳам либос мешуст, хона тоза мекард, хӯрок мепухт Муҳаммадҷони ғамхору
меҳрубон. Хуллас, таҳсил ба охир расиду бародарам ба шаҳри Душанбе баргаштан хост, вале дар роҳ ба садамаи нақлиётӣ дучор шуду як пояш шикаст. Як моҳи дароз дар беморхона хобида бошад ҳам, пояш ҷояшро нагирифт. Духтурҳо мегуфтанд, ки устухонҳо маҷақ шудаанду ҷарроҳӣ намудан лозим.
Ҷарроҳӣ карданд, вале иштибоҳи табибон буд ё чизи дигар, ки ҳолаш аз буда бадтар гашту маъюб шуда монд. Як пояш ланг шуда чамида- чамида роҳ мегашт. Муҳаммадҷон хаёливу парешон гашт, ҳарчанд насиҳаташ мекардем андешаи пойи маъюбашро аз сар бадар намекард. Ғусса мехӯрд, ки иллатнок шудааст.
Бо ҳамин минвол донишгоҳро хатм намуд. Модарам ҳамаи хешу таборро ҷеғ зада ба шарафи диплом гирифтани писараш зиёфат дод. Бибиям як ҳафта пас аз дипломгирии Муҳаммадҷон ҳамроҳи амакҳоям ба хонаи Анисаино хостгорӣ рафтанд. Хостгорон ҳанӯз барнагашта Муҳаммадҷон бо қошу қавоқи овезон аз дар даромад. Хоҳиш кард, ки барояш картошкабирён пазаму салат кунам.
«Акаҷон, чаро парешон менамой?»-гуфта пурсидам, аммо ӯ сабабашро нагуфта фармуд, ки тезтар аз пайи хӯрок шавам. Дигар чизе напурсида, ба ошхона даромадам. Аз байн қариб ним соат гузашт. Хӯроки дилхоҳашро омода карда ба берун баромадаму Муҳаммадро ҷеғ задам. Ҳарчанд фарёд мекардам, садое намешунидам. Гумон кардам, ки шояд ба кӯча, назди ҷӯраҳояш баромада бошад. Бепарвоёна аз паси рӯбучини ошхона шудам. Ногоҳ ба гӯшам садои овози изтиробомези говҳо расид. Аввал аҳамият надодам, вале торафт баландтар маъос зада оғилро ба сар бардоштани молҳо хавосамро парешон кард. Хавотир шуда сатили обро гирифтаму сӯи оғил шитобидам. Ба дари оғил нарасида поям ба санге бархӯрду ба замин афтидам. Сатили об ба сару рӯям пош хӯрда зонувонам хуншор гаштанд. Лангон-лангон ба хона баргаштанӣ будам, аммо ким- кадом қувваи ноаёне маро сӯи оғилхона мекашид.
Оҳиста- оҳиста қадам зада дари оғилро кушодаму сар халондам. Аз дар даромадан баробар хун дар рагҳоям ях баст. Дар ҷоям гӯё маро ширеш карда бошанд, ҷунбида наметавонистам. Ақлам карахт шуда буд, гӯшҳоям чизеро намешуниданд. Ҷисми бародарам Муҳаммадҷон ҳанӯз дар ресмони шифти говхона овезон ҷон меканд. Чашмонаш аз косахонаи сараш баромада буданду аз даҳонаш кафкоба мерехт. Аниқ шинохта наметавонистам, ки ин акаҷонам
бошад ё каси дигар, чунки сип- сиёҳ шуда буд. Маъюси гов маро ба худ овард. Сӯяш давидаму аз пойҳояш оғӯш карда боло бардоштам.
ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР БОШЕД!