Давомаш ...
Маро аз тарабхона ба хонаи қашангу барҳавои падари домод оварданд, ки ба назар қасрро мемонд. Моҳи асали ману шавҳарам дар ҳамин ҳавлии калони биҳиштосои хусуру хушдоманам гузашт. Модаршӯи меҳрубонам намемонд, ки дастамро ба оби хунук занам.
Аслан дар ин қасри бошукуҳ на авсуни калониям, ки бо ду фарзандаш ҳамроҳи волидони шавҳараш зиндагӣ мекард, дасташро ба коре мезад ва на духтари қадраси онҳою на хушдоманам. Кору бори хонаро ду ҷавонзани хизматгор ба ҷо меоварданд. Барои кори боғу рўйи ҳавлӣ бошад, мўйсафеде вобаста карда шуда буд.
Дар ошёнаи якум ошхонаю хонаи хоби хизматгорон ва гаражҳо воқеъ буданд, дар ошёнаи дуюм меҳмонхонаҳои барҳаво, дар ошёнаи сеюм бошад, хонаҳои хоби аҳли хонавода. Авсунам ҳангоми ду ба ду монданамон маро ба тарзи зиндагии хонавода шинос карда гуфт:
- Хонаву дари падарӣ моли шавҳари ман, яъне писари калонии хусуру хушдоманам шуданд. Ду ҳевари дигарам ҳавлии алоҳида ва ба ғайр аз он, дар биноҳои баландошёна чандтогӣ хона доранд. “Тиҷорати шавҳари ту ҳам хуб аст. Пас аз гузаштани чиллаи арўсиятон шумо ба хонаи худатон мекӯчед, ки дар маркази шаҳр воқеъ гаштааст. Ба фикрам то фарзанддор шуданатон сохтмони ҳавлиятон ҳам ба итмом мерасад”, - гуфт ӯ.
Аз нақлҳои зани ҳеварам дарёфтам, ки маро зиндагии шоҳона интизор аст ва хоби ҳавлноки пеш аз тӯй дидаамро қариб фаромӯш кардам. Пас аз гузаштани чиллаамон ману шавҳарам ба саёҳати тўёна, ба Аморати Муттаҳидаи Араб сафар карда, ду ҳафта дар Дубай истироҳат намудем. Шавҳарам мисли Маҷнун мудом дар гирди ман парвона буду маро рӯйи даст бардошта мегашт. Дар канори ин ҷавони зебою меҳрубони сарватманд худро хушбахттарин зани дунё эҳсос мекардам, аммо…
Аҳриман дар ниқоби фаришта
Вақте ки аз Дубай баргаштем, хушдоманам тагпурсӣ кард, ки дур аз ватан авҳоли писараш чӣ хел буд ва бо ман чӣ гуна муносибат мекард? Хушҳолона табассум карда гуфтам, ки Фарҳод Ширинро ин қадар эрка намекард, ки шавҳарам маро эрка кард. Бо шунидани ин сухан чеҳраи модаршӯям гул - гул шукуфта, хабар дод, ки пагоҳ моро ба хонаи худамон гусел мекунад.
Рӯзи дигар ману шавҳарам ба манзили худ кӯчидем. Ин хонаи панҷҳуҷрагӣ, ки дар маркази шаҳр воқеъ гашта, бо мебелҳои қимматбаҳо ва техникаи навтарини маишӣ ҷиҳозонида шуда буд, ба ман бисёр хуш омад. Шавҳарам аз рўзи аввали зиндагиамон дар хонаи нав таклиф кард, ки хизматгор гирем, аммо розӣ нашудам, зеро худам аз уҳдаи кору бори рўзгор мебаромадам. Шавҳарам хандида гуфт:
- Аз авсунҳоят қафо намон. Охир, ҳар кадоми онҳо хизматгор доранд!
- Ман ба хизматгор ниёз надорам. Мехоҳам худам хизмати шавҳарамро карда, рисолатамро ба ҷо орам, - гуфтам бо табассум.
Аз байн чанд рӯз гузашт. Як саҳар аз шавҳарам барвақттар бедор шудам ва ба ҳаммом даромада оббозӣ кардаму мўямро хушконида, ба ошхона гузаштам, то ки наҳорӣ тайёр кунам. Ҳамин вақт шавҳарам низ аз хоб хеста ба ошхона даромад. Хостам барояш шарбати мевагӣ тайёр кунам, вале шарбаттайёркунак аз дастам раҳо хўрда, ба замин афтиду садои гўшхароше баровард.
Авзои шавҳарам якбора беҷо шуд ва бо садои ваҳшатнок «дастонат шикастаанд» гўён, ба рўям чунон шаппотии обдоре фаровард, ки аз чашмонам оташ парид, вале маро дарди рӯям не, ҳолати ӯ сахт ба даҳшат оварда, дар ҷоям шах шудам. Ранги шавҳарам кап - кабуд шуда, аз даҳонаш кафк мепарид. Лаби хуншор гаштаамро дошта, аз тарс ба девори ошхона ҷафс шудам.
Шавҳарам мисли даррандаи ваҳшие, ки сайдашро пора - пора кардан мехоҳад, чанг зада, аз банди мӯям дошт. Вай гулӯямро бо дасти дигараш буғӣ карда истода, бо дандонҳояш аъзои бадани маро газида - газида сиёҳу кабуд мекард. Мехостам фарёд занам, вале ваҳшат маро гунг гардонида, овозам намебаромад. Баъди чанд лаҳзаи ин даҳшат аз ҳуш рафтаам. Вақте ки ба худ омадам, шавҳарам захмҳои тани маро, ки ҳамоно хун метаровид, бо забонаш лесида, ба таври худ навозиш мекард…
Сару рӯйи вай низ хуншор шуда буд. Бо дастам хуни лабҳоямро тоза карда, аз назди ў рафтанӣ будам, ки ў боз ба рўям шаппотие фаровард ва аз мўйҳоям кашида, намедонам чанд соат маро лату кўб кард…
Чун ба худ омадам рўйи фарши ошхона пури хуну халоф аст. Шавҳарам бошад, сарашро миёни дастонаш дошта хомўш менишаст. Ў ба ҳуш омадани маро дида, “ҷонакам, маро бубахш” - гўён ба оғўшам кашиду бўсаборонам намуд.
Тассаввур намекардам, ки ў ба сари кафидаю рўйи аз шиддати зарбҳои кабуду варами ман нигоҳ накарда, бо ман ҳамхоба шуд. Сару тани ў низ пур зи хун буд. Ман намедонистам чӣ кор кунам ва пайт ёфта, ба хушдоманам занг зада, ҳамаашро гуфтам. Пас аз ним соат хусуру хушдоманам расида омада, авҳоли маро дида, талхакаф шуданд…
Сири фошшуда
Хусурам ба хонаи дигар назди писараш даромад, хушдоманам бошад пеши ман. Ў сари маро оғўш карда, талх гиристу гуфт:
- Духтарам, аз тани писарам бахшиш мепурсам. Намедонам ба вай чӣ бало расидааст. Ҳамин хел як бачаи озодаи пулёб бо духтарон муомилаи хуб надорад. Духтари дўстдоштааш ҳам барои ҳамин қилиқаш аз вай ҷудо шуд. Бечора шаш сол ҳамроҳи ин хуни дил шуд. Аз дўст доштани зиёд номусашро тўй нашуда, ба ин бахшида буд. Ман ба хотири азобҳои кашидааш ўро ҷарроҳии пластикӣ карда, бакораташро барқарор кардаму ў шавҳари дигар кард. Пас аз дуову азоимхониҳои зиёд гумон кардам одам мешавад. Ана акнун ба падару модари ту чӣ ҷавоб мегўям…
Ростӣ дилам ба хушдоманам сӯхт ва гуфтам:
- Очаҷон, ман ин даъфа ба падару модарам намегўям. Охир, ман тоқӣ нестам, ки ҳар рўз дар сари як кас бошам. Барои ислоҳ шудани шавҳарам мубориза мебарем, Худованд меҳрубон аст…
Он рўз хусуру хушдоманам рафтанду пас аз рафтани онҳо модарам телефон карда гуфт, ки хобҳои парешон дидаасту ба хабаргириям меояд. Ман ба модарам дурўғ гуфтам, ки барои як моҳ ҳамроҳи шавҳарам ба хориҷа меравем. Модарам бо овози ранҷиолуда гуфт, ки “наход аз ману падарат дуо нагирифта равед?”. Боз дурўғ гуфтам, ки “ҳамин ҳоло занг заданӣ будам”…
Як моҳи дароз дар хона табобат гирифта, ба худ омадам. Шавҳарам низ шабу рўз бо ман буд. Дар ин муддат чандин сирру асрори ўро фаҳмида гирифтаму донистам, ки ў бемор аст…
Шавҳарам нигоҳашро аз ман гурезонида гуфт:
- Бо дидани хун девона мешавам ва дигар худамро дошта наметавонам.
Ман, ки дар умрам бо дигаре вонахўрда будам, шавҳари муштзурамро дўст медоштам ва дастони ўро миёни дастонам гирифта, тассалояш додам, ки ҳамааш мегузарад, аммо афсўс нагузашт…