Ман дар оилаи тоҷири сарватманде ба дунё омадаам. Падарам чанд мағозаи либосҳои занона доранду модарам толори либосҳои арўсӣ, бародаронам маълумоти олӣ дошта бошанд ҳам, аз рўйи тахассуси худашон кор накарда ба волидонам ёрӣ мерасонанд.
Бародари калониям бо оилааш дар ҳамсоягиамон зиндагӣ мекунад, бародари хурдиам бошад, ҳамроҳи падару модарам дар ҳавлии падарӣ. Яккадухтари тоҷир ва эркаю азизи волидонам бошам ҳам, худнамоию ман-манӣ намекардам. Кӯшиш мекардам, ки бо ҳама як хел муносибат наоям ва дили ягон шахсро озор надиҳам.
Пас аз хатми мактаб ба Донишгоҳи забонҳо дохил шудам. Азбаски забонҳои русию англисӣ ва туркиро хуб медонистам, қарор додам, ки забони чинӣ меомўзам.
Баъди хатми донишгоҳ шаш моҳ дар Хитой таҷриба омўхта, ба Ватан баргаштам. Мехостам дар ягон ташкилоти хориҷӣ ба сифати тарҷумон ба кор дароям, вале…
Хостгорӣ
Як субҳи барвақт тараддуди хизматгорзан ва янгаамро дида, гумон кардам, ки боз ягон меҳмони олиқадр меояд, чунки дӯстони хориҷии падарам тез-тез дар хонаи мо меҳмон мешуданд. Вақти наҳорӣ янгаам ба сӯйи ман чашмак зада гуфт:
- Тайёриятро бин духтар, имрӯз хостгорон меоянд. Тӯй мешавад, тӯй!
Ману янгаам мисли дугонаҳои ҷонӣ ҳамеша бо ҳамдигар шӯхӣ мекардем, бинобар ин, суханҳои ӯро масхара пиндошта бо ҳамон оҳанги ҳазломез гуфтам:
- Ман тайёр!
Ҳамон бегоҳ модарам хабар дод, ки барои ман хостгор омадааст. Падари домодшаванда мисли падарам тоҷир будаасту чанд бор мушкили ўро ҳал карда, бо ҳамдигар дўстони наздик шуда мондаанд.
Волидонам розигии маро напурсида, моро фотеҳа кардаанд, чунки ба гуфти модарам домод як ҷавони зебои сад кас медидагӣ, соҳиби маълумоти олӣ, мошин ва хонаи алоҳида буда, бо тиҷорат сару кор доштааст. Вақте гуфтам, ки пеш аз тӯй домодшавандаро як бор дида, ҳамроҳаш суҳбат кардан мехоҳам, модарам ба сарам дод зада гуфт:
- Ману падарат ҳамдигарро бори аввал дар таги чодар дидем, вале шукри Худо, қариб 40 сол боз Лайлию Маҷнун барин зиндагӣ карда истодаем. Ту ҳам албатта хушбахт мешавӣ, чунки домодшаванда бачаи ҳушёри аз уҳдаи зиндагӣ мебаромадагӣ аст.
Ман паст наомада гуфтам:
- Очаҷон, ман мехоҳам кор кунам, оё домоди ёфтаатон ба ин розӣ мешавад?
- Розӣ шавад, кор мекунӣ, нашавад не, гапи бисёр назан, - бо ситеза гуфт модарам.
Бо ҳамин дигар дар бораи домодшаванда, ки ман бояд қисматамро бо ў мепайвастам, гап назадем. Тарафи домод ба ҷойи ҷиҳоз пули калон додаанду модарам мувофиқи хости худ барои ман чизу чора харида, ба тӯй тайёр шуданд.
Хушдомани меҳрубон
Аз хешони домод ман танҳо падару модарашро дидам, ки хеле шахсони меҳрубону маданӣ метофтанд, хусусан модараш бо як нигоҳ ба ман маъқул шуд. Хушдомани ояндаам дар иди Қурбон бароям идона оварда, дастпонаи тиллоии зебоеро ба дастам андохту аз пешонаам бўсида гуфт:
- Ман ба хонаам се келин не, се духтар овардаам. Ту духтари чорум ва кенҷаю азизи ман мешавӣ.
Ман ҳам аз рухсораҳои ў бўсида, раҳмат гуфтам. Ин корам ба модарам хуш наомад, вале модари домодшаванда бо меҳр оғўшам кард. Фаҳмидам, ки меҳрубониям ба модари домод форидааст….
Хоби даҳшатнок
Рўзи тўй муайян шуд. Шаб сару танамро шуста, барвақттар хоб рафтам, зеро субҳи дигар бояд ба назди машшота мерафтам. Ҳамон шаб ҳамроҳи янгаи калониям дар як хона хобидем.
Тахминан нимаҳои шаб ман хоби ҳавлноке дида, қариб дилкаф шуда будам. Дар хобам ҷавоне маро кўча ба кўча сур мекард. Аз чашмони таъқибгар хун мерехту дар дасташ корди калоне дошт. Ҷавон маро дарёб карда, аз банди мўям дошт ва кордро ба гулўям монд….
Ҳамин вақт фиғони талхе кашида бедор шудам. Янгаам аз фиғони ман бедор шуд ва аҳволи маро дида талхакаф шуд, чунки рангам мисли ранги мурда канда, аз тарс дарақ - дарақ меларзидам.
Янгаам аввал ба ман каме оби хунук нӯшонд, баъд сипанд дуд карда, ким-кадом сураҳоро хонда ба ман куфу суф кард ва маро тасаллӣ дода гуфт, ки одам бо фикр хоб равад, ҳар хел хобҳои даҳшатангез мебинад, вале…
Бозии тақдир
Субҳ ҳамроҳи дугонаам ба назди машшота рафтем. Пас аз чанд соати заҳмату меҳнати машшота ба оина нигариста худамро нашинохтам.
- Ту худат духтари зебоӣ, ман фақат ҳамон зебогиятро камтарак об додаму халос,-бо табассум гуфт машшота, ки духтараки хушчақчақи зебое буд.
Пас аз чанде акаам омада, моро ба хона бурд. Дар хона аллакай моро домод мунтазир буд, чунки бояд аввал никоҳ карда, баъд ба загс ва сонӣ ба тарабхона мерафтем. Вақти никоҳ ман аз шарм ба чеҳраи домод нигоҳ накардам, вале ҳангоми ба мошин нишастан назарам ба шавҳарам афтид ва аз тарс қариб буд, ки бо тамоми овоз фарёд занам.
Домод ҳамон ҷавоне буд, ки шаб дар хобам маро думболагирӣ карда, куштан мехост…
Тӯйи пуртаҳлука
Мо пас аз расмӣ кардани никоҳамон ба «Боғи Ирам» рафта, аксбардорӣ кардем, ба пояи ҳайкали Исмоили Сомонӣ гул мондем, баъд ба тарабхона рафтем.
Дар тўямон беҳтарин ситораҳои эстрадаи тоҷик ҳунарнамоӣ мекарданд ва ҳаҷвнигори шинохтае барандаи маҳфил буд. Ёру дўстон шодона рақсида, моро табрик мекарданд, аммо дили ман мисли ангиштсанг сип-сиёҳ буд.
Сояи сиёҳи хоби даҳшатноки дидаам дар ин рўзи шодмонӣ, ки барои инсон фақат як бор муяссар мегардад, ҳеҷ маро ором нагузошта, ба дилам фишор меовард. Аз зери тури арӯсӣ гоҳ-гоҳ ба ҳаракатҳои домод нигариста, медидам, ки ў зиёд меҳрубон аст.
Домоди хушбахт вақти ба эҳтироми касе боло шуданамон бо табассум «мехезем» мегуфту пеш аз нишастан, «ҷонакам мешинем» гўён, ба ман барои нишастан ёрӣ мерасонд. Худро бовар кунонданӣ мешудам, ки аз дасти ин ҷавонмарди зебои меҳрубон ҳаргиз бадӣ намеояд, вале дидам чизи дигар мегуфт…
Давом дорад ...
Аз идора: Идомаи қиссаро пагоҳ шаб соати 21:00 мутолиа кунед.