Актёре, ки аз арӯс қимоб аст
Маҳмед Туан Узтурк дар силсилафили «Садоқат» нақши муҳофизи Ватан Шоҳинро бозидааст. Шоҳин бародари Ориф аст, вале онҳо баъди гузаштани солҳо мефаҳманд, ки аз як модар ба дунё омадаанд. Шоҳинро дар мубориза душманонаш шикаст медиҳанд, вале ин ҷавони ҷасур аз роҳи пешгирифтааш пас нагашта, билохира инқилоб мекунад. Ӯ борҳо ба дасти душманони давлат асир меафтад, аммо дӯстонаш ӯро аз доми марг наҷот медиҳанд. Қаҳрамониҳои ин ҷавон дили хурду калонро дар Тоҷикистон тасхир намудааст, аз ин хотир бо хоҳиши мухлисони ҳунараш имрӯз мо дар бораи ин ҷавони ҳунарманд ба шумо маълумот медиҳем.
Домоде, ки аз арӯсҳо мегурезад
Маҳмед 31-марти соли 1986 дар шаҳраки Эри Мерсон ба дунё омада, хатмкардаи Консерваторияи Миллии Истамбул мебошад. Ӯ шуъбаи театриро дар ин даргоҳи ҳунар ба итмом расонида, корро дар синамо ҳанӯз соли 2009 шуруъ кардааст. Маҳмед Туан баъди офаридани нақши Шоҳин дар сериали «Садоқат» ошиқони зиёд пайдо кард. Дигар дар кӯчаҳо қадам задан барояш душвор буд, зеро духтарони дилдода дар ҳама ҷо ӯро таъқиб намуда мисли соя аз пасаш мегаштанд. Қаду қомати зебо ва китфу бозувони паҳлавононаи ин ҷавони машҳур духтаронро чунон волаю шайдо намуд, ки тайёр буданд барои як нигоҳи меҳрбори ӯ тамоми дороияшонро ҳамроҳи дили худ дар пеши пояш пойандоз намоянд, вале Маҳмед кӯшиш мекунад, ки дар назари духтарҳо камтар намояд. Вақте ки духтарон ба ӯ изҳори муҳаббат мекунанд, худро ноҳинҷор ҳис мекунад. Вай табиатан ҷавони камгап ва ҷиддӣ аст, аммо аз духтарҳо гурехтанаш сабаби дигар ҳам дорад.
Гӯшмоле, ки Маҳмедро аз зан қимоб кард
Бори аввал вай дар 8-солагияш ошиқ шуда буд. Ошиқи зори зане, ки аз ӯ қариб 20 сол калон буд. Зани дили ӯро рабуда модари ҳамсинфаш буда Ҷеран Аёне ном дошт. Хурду калон ин зани паричеҳраро мешинохтанд, зеро Ҷерен модел буд ва аксҳои зебои калон-калонаш кӯчаҳои шаҳрро оро медоданд. Ҷерен бар ивази пули калон молу маҳсулоти ширкатҳои калонтарини тиҷоратиро тарғиб мекард. Маҳмед мафтуни либосҳои зебо ва чеҳраи дилкаши ин зани ба модараш баробар гашта ба ӯ номаи ошиқона навишт. Писарак содалавҳона дар номааш иқрор шуд, ки ҳар субҳ танҳо барои дидани симои зебои ӯ аз хоб чашм во мекунад ва агар ин паричеҳра як бор ба сӯяш табассум намояд, мисли падараш ба ӯ ангуштарини зебоеро туҳфа мекунад. Номаи ошиқонаи ин кӯдаки ба доми ишқ афтида ғазаби моделери машҳурро овард ва худи ҳамон рӯз вай ба хонаашон омада, дар пеши назари аҳли оила гӯшҳои ин ошиқи хурдакакро анбӯр барин тофт. Гӯшаш аз гӯшмоли маҳбубаи дилсангаш чандон сахт дард накарда бошад ҳам, ба ҳолаш қоҳ-қоҳзанон хандидани бародаронаш алами Маҳмедро овард ва ӯ қарор дод, ки дигар ба ягон бону изҳори муҳаббат нахоҳад кард.
Домод шудан мехоҳам, вале…
Аз ҳамон рӯз инҷониб вай аз духтарҳо қимоб аст. Метарсад, ки агар ба касе аз муҳаббат лаб кушояд, мисли Ҷерен вай ҳам ба хонаашон омада ӯро дар назди пайвандонаш шармандаю хандахариш месозад. Ҳамин ҳарос намегузорад, ки ин ҷавони машҳуру серхаридор аз байни ҳазорон-ҳазор ошиқи зор бахташро ёбад. Албатта ягон дил бе орзу намешавад ва Маҳмед ҳам орзуи домод шуданро дорад. Вай мехоҳад риштаи тақдирашро бо ягон духтари нозанин аз табақаи одамони сарватманд пайвандад. Бузургон беҳуда нагуфтаанд:
Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз,
Кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз!
Мо дуо мекунем, ки Худованд оҳи дили ин ҷавони ҳунармандро шунида, ӯро ба кули орзуҳояш бирасонад ва як умр азизи дили мардум бимонад!
Омодасоз Рустам Азимӣ