Сироджиддин Мухсиддинов , сокини ноҳияи Хуросон буда, бо ҳукми суд барои сӯиқасд ба ҷони модари фарзандонаш Шаҳноза Расулова ба мӯҳлати 11-сол равнаи зиндон гашт. Ин марди бадрашк мехост зани ҷавонашро бо дасти худаш ба он дунё фиристад, вале...
Сироҷиддин ва Шаҳноза соҳиби 2 фарзанд бошанд ҳам, кирми рашк дар вуҷуди мард хона карда, нисбати занаш бадгумон буд ва мудом аз паси ӯ поида мегашт. Сироҷиддин ҳамсараш Шаҳнозаро ҳатто ба сояи худаш ҳам рашк карда, баҳудаву беҳуда зери мушту лагад мегирифт. Ҷони ҷавонзан аз чунин зиндагии пуразоб ба лабаш расида бошад ҳам, хотири фарзандонаш ба ҳама зулму ҷабри шавҳар тоб меовард, вале тавре ки мегӯянд, ҳавз, ки пур шуд, албатта ларез мегирадад. Косаи сабри Шаҳноза низ аз рашу итоби шавҳар ниҳоят лабрез гашта, ба хонаи волидонаш рафт.
Сироҷиддин дар дил нисбат ба ҳамсараш кина гирифта, қарор дод, ки ӯро бо дастони худаш мекушад. Вай ҳатто хотири фарзандонашро накарда, бо нияти куштор пинҳонӣ ба хонаи хушдоманаш рафт ва дар яке аз ҳуҷраҳо пинҳон шуд. Марди бадкина то субҳ мижа таҳ накарда, пайти муносиб мепоид.
Ниҳоят субҳгоҳон Шаҳноза ҳавлирӯбӣ баромад ва Сироҷиддин фурсатро аз даст надода, мисли паланги бадхашм аз камингоҳаш берун ҷаста зани ҷавонашро кашолакушнон ба хона дароварда, пай дар пай ба баданаш корд задан гирифт. Ҷавонзан аз шиддат дард бо тамоми овоз дод гуфт ва Сироҷиддин аз фош гаштани ҷинояташ тарсида рӯ ба гурез ниҳод.
Пайвандонаш Шаҳнозаро бо захмҳои хуншор ба беморхона бурданд. Хушбахтона табибон тавонистанд ҷони ҷавони занро аз панҷаи марг раҳоӣ бубахшанд. Шаҳноза зинда монд, шавҳари бадрашкаш бошад, акнун барои кирдори ваҳшиёнааш дар назди қонун ҷавоб хоҳад дод. Муҳсиддинов Сироҷиддин Гулмаҳмадовичбарои сӯйиқасд ба ҷони ҳамсараш Шаҳноза Расулова бо қисми 3-и моддаи 32 ва қисми 1-и моддаи 104 гунаҳкор дониста шуда, бо ҳукми суд ба 11-соли зиндон маҳкум гаштааст.
Шод дар кунҷи зиндон ақли ин тирагаштаи марди бадрашк ба сараш зада, аз карда пушаймон ва ислоҳ мешавад...