arzon replenishment
ДОМИ ШАЙТОН (анҷом)
2734

Давомаш ...

- Боз як дақиқаи дигар ист! - фарёд зад Шайтон аз даруни чоҳ, - ту мегӯӣ, ки он вақт ҷавон ва сустиродаю бетаҷриба будӣ? Магар бо ин гуфтан мехоҳӣ, ки пас аз ин ягон бор гуноҳ содир накардаӣ? Ту худат мефаҳмӣ, ки чӣ мегӯӣ? Магар ҳозир ту аз гуноҳ худро дар канор гирифтаӣ?

- Бале, ман дигар гуноҳ накардаам! - дод зад рӯҳонӣ.

- Не, не ва боз ҳам не! Ту ҳозир ҳам гуноҳ мекунӣ. Гуноҳи бисёр мекунӣ! - фиғон кашид Иблис, - ту мегӯӣ, ки гуноҳ кардан як ҷиҳати инсонии ман аст? Номаъқул кардӣ! Тифли одамӣ пок ва орӣ аз гуноҳҳо ба дунё меояд, аммо баъд худи шумо, одамон ин тифли бегуноҳро соат ба соат, рӯз ба рӯз, моҳ ба моҳ ва сол ба сол ба гуноҳ, дуруғ, фитна, макр, зулм, ситам, қаллобӣ ва дигар гуноҳҳо олуда намуда, вуҷуду ботини покашро заҳролуд менамоед.

- Эй шайхи покдомон, магар ҳамин худи ту набудӣ, ки ҳафтаи гузашта набераи дустрӯякат Нӯшини хурдсолро ба қассобхонаи паҳлӯи хонаатон фиристода, таъкид кардӣ, ки ба Бегиҷони қассоб бигӯяд, бобоям сахт бемор шудаасту хешу табор ба аёдаташон омадаанд, ду килло гӯшти лаҳм диҳед? Охир туро ягон бало назада буд, сиҳату саломат будӣ – ку?! Пас, чаро барои ду кило гӯшти зормонда шуда, кӯдаки бечораро маҷбур намудӣ, ки дурӯғ гӯяд? Дирӯз бошад ба хотири он ки ҳезумро шикаста барои зимистон захира намояд, Ансори мактабхонро маҷбур кардӣ, ки ба ҷӯрааш занг зада, бардурӯғ бо овози гирифта гап зада, худро касал вонамуд созаду ҳамсинфаш ба муаллим расонад, ки Ансори набераи ту бемор шудаасту ба мактаб омада наметавонад, ҳол он, ки ҳабиби Худо – Муҳаммади паёмбар дар ҳадисаш фармудааст «Аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй». Ин ҳадисро ту шояд ҳазор бор хонда бошӣ, вале ба хотири манфиати худ садди роҳи илмомӯзии набераат гаштӣ! Танҳо ба хотири чанд банд ҳезум гуфтаҳои паёмбари Худоро зери пой намудӣ, пас ту чӣ хел мусалмон ва чӣ гуна бандаи фармонбардори Худо ҳастӣ?! Фикр мекунӣ, ки ин дурӯғҳо маслиҳатомезанду ҳеҷ зиёне намерасонанд? Ин гуноҳҳоро ночиз мешуморӣ? Магар фаромӯш кардаӣ, ки сӯзандузд оқибат говдузд мешавад! Маҳз ҳамин худсафедкунӣ ва кӯдаконро ба дурӯғу васваса одат кунонидани шумо, калонсолон боиси он мегардад, ки авлоду аҷдодатон насл ба насл дурғӯгӯй, фитнагар, манфиатҷӯй, мансабпараст, ғуломи пулу мол, фосиқу ноодам ба камол бирасанд.

- Ҳар чи мегӯӣ, бигӯй, вале фосиқ нагӯй, - фиғон кашид рӯҳонӣ.

- Мегӯям, чунки ту фосиқ ҳастӣ! - паст наомад Иблис. - Ёдат ҳаст, ки чанд рӯз пеш кампири Озодамоҳи ҳамсояат барои наберааш Суҳайлои бистудусола, ки то ҳол ба шавҳар набаромада аст, аз ту тумори бахт хоҳиш намуд. Ту шарм надошта ба кампири бечора гуфтӣ, ки барои таъсири боз ҳам бештари тумор омадани худи Суҳайло ҳатмист. Бечора духтарак бехабар аз макри туи маккор ба хонаат омад. Бо баҳонаи таъсири боз ҳам бештари дуо ту даст ба рӯю мӯй ва бадани симингуни он зебосанам бурдӣ. Ту ҳатто каломи Аллоҳро ба аслиҳаи шаҳвати худ табдил додаӣ. Эй шайх, магар гуноҳ аз ин бештар мешавад?! Ин ҳама гуноҳҳои туро имрӯз ман, мане, ки бо касофати шумо - одамон, аз даргоҳи Худованд ронда шудаам, фош намудам, боқӣ, ту медониву инсофат, эй шайхи покдомону парҳезкор…    

Иблис чашмони оташгунашро пӯшид, аммо рӯҳонӣ… Рӯҳониро дигар маҷоле набуд, ки аз ҷой хеста, роҳи худро идома диҳад. Ин гуфтугузор бо Иблис ӯро аз дунёи рангини хаёл, аз дунёи руъёҳо, аз дунёи пур аз оҳанги мутантани шодиву фараҳ, ки ӯ бандаи бегуноҳ ва покдомон, назаркардаи Худованд аст, ба вартаи яъсу навмедиҳо сарозер сарнагун намуд. Аз қаъри вуҷудаш нидое, хуруше бархост ва рӯҳонӣ беихтиёр аз ҷояш бархоста дасташро баҳри наҷоти Иблис дароз намуд...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД