Arzon Banner
ДОҒИ СИЁҲИ ТӮҲМАТРО ЧӢ ГУНА ШӮЯМ?
22.07.2020
Р. Азимӣ
4997

 

Исмам Гулиноз аст, зодаи Варзоб. Духтари муаллимаам. Падарам барвақт ба садама дучор гашта ин дунёро падруд гуфта буд. Модарам чор фарзандро бо сад азобу машаққат калон карда соҳибмаълумот гардонд.

Ман бо квотаи президентӣ ба коллеҷи тиббӣ дохил шуда будам. Аз рӯзҳои аввали таҳсил ҷавони ҳузарбе аз пасам кашола шуда мегашт. Мудом гаппаронӣ карда маро ба доми ишқаш афтонидан мехост, вале ман ба вай аҳамият намедодам. Борҳо гуфтам, ки ба умеди ман нашавад, зеро ба шаҳр барои хондан омадаам, на шӯкобӣ, вале ин ҷавони хира суханҳои маро нози духтарона шумурда, ҳеҷ оромам намегузошт. Суроғаи хонаамонро бо ким-кадом роҳҳо ёфта хостгор фиристод, вале модарам «духтарам ҳоло донишҷӯ аст, шавҳар кунад, азоб мекашад» гӯён, рад карданд. Хостгорон бо лабу лунҷи кашол аз дар баромаданд. Як ҳафта пас боз бароям хостгор баромад. Бачаи шаҳрӣ ва аз як оилаи номдор будааст, аммо дили модарам нашуд, ки маро гусел намояд ва ин хостгорон ҳам навмед рафтанд. Кош хостгори сеюм намеомад, кошкӣ ҳамон рӯз дар хонаамон ҳеҷ кас намебуд, то аз пушти дар гашта мерафтанд ин одамони маккор. Вақте модарам талаби хостгорони сеюмро рад кард, ошкоро таҳдид карда гуфтанд: «Ба хубӣ розигӣ диҳед, набошад дар ҳама ҷо овоза мекунем, ки духтаратон бо писари мо мегардад ва онҳо кайҳо зану шавҳар барин зиндагӣ мекунанд…»

Модарам бо шунидани ин гап як қад парид ва бо шаст аз ҷояш бархоста хостгорони беномусро дашномдеҳон аз дар берун кард. Рӯзи дигар дар деҳа овоза паҳн шуд, ки Гулинози таърифӣ бо чанд бача ишқварзӣ карда, ҳомиладор шудааст. Он хостгори беҳаё ба ҳар як одами аз пешашон баромада маро туҳмат карда чунин овозаи гӯшхарош паҳн намудаанд. Занҳои деҳа маро бубинанд, дарҳол рӯяшонро гардонида «духтари таърифии муаллима хонданӣ рафту бероҳа шуд» гӯён, таҳқир мекарданд. Ду хостгори дигар аз кӯча ин гапро шунида аз дарамон надаромада рафтанд. Дигар касе ба ман талабгор нашуд. Мехостам даст ба худкушӣ занам, вале модарам, ки ба покдомонии ман боварӣ дошт, ҳамеша маро тасаллӣ дода «духтарам, барқасди ин одамони туҳматчӣ бо сари баланд мактабро хатм намуда, соҳиби диплом шуда баргард» мегуфт. Суханони пандомӯзи модар тасаллои дил ва роҳнамоям гаштанду ба гапу калочаи мардум аҳамият надода, таҳсиламро идома дода истодаам, вале ғубори ғам ҳеҷ диламро тарк намекунад. Барои ман барин духтаре, ки дар умраш бо касе ишқварзӣ накардааст ва дасташро то имрӯз ягон ҷавон ҳатто надоштааст, бадномзада шудан бисёр душвор аст.

Хонандагони азизи «Оила», илтимос ба ман маслиҳат диҳед, бегуноҳиамро чӣ хел исбот намоям?

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Барзец 2020-07-23, 02:35
Набошад хозир аз хурда гард, кайфу сафо кун. Хахахаха
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Барзец 2020-07-23, 02:35
Набошад хозир аз хурда гард, кайфу сафо кун. Хахахаха
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД