Arzon march 2024
Додситони ҳарбии Кӯлоб қазияи худкушии сарбозро шарҳ дод
527

Моҳи ноябри соли 2024 ҷасади сарбоз Ботир Эргашеви 20-соларо, ки соли 2022 аз ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бо хоҳиши худаш ба артиш рафта, ба анҷом ёфтани муҳлати хизматаш ҳамагӣ 10 рӯзи дигар боқӣ монда буд, ба волидонаш супурданд.

Баҳодур Эргашев, падари сарбози ҷавонмарг дар суҳбат ба расонаҳо гуфта буд, ки ба худкушӣ кардани писараш боварӣ надорад, зеро ҳангоми шустани ҷасад дар баданаш осори зарбу латро мушоҳида кардаанд, аммо...

Додситони ҳарбӣ дар Кӯлоб рӯзи 31-уми январ зимни нишасти хабарӣ сабаби марги марзбони тоҷик Ботир Эргашевро, ки дар як воҳиди низомӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин хидмат мекард, шарҳ дода, гуфтааст: “Ҳангоми хидмат нисбат ба Эргашев ягон кори ғайриоинномавӣ ё таҳдиду фишор ҷой надоштааст. Даст ба худкушӣ задани ӯ ба хидмати ҳарбӣ вобастагӣ надорад”.

Дар ҳамин ҳол, додситон таъкид кардааст, ки нисбати сардори дидбонгоҳи сарҳадӣ, ки Ботир Эргашев дар онҷо хидмат мекард, парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Ӯ ба хунукназарӣ муттаҳам дониста мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД