Додари Қобилҷони ғӯррамаргро ба Литсейи президентӣ қабул кардаанд
320

Додари Қолибҷони ғӯррамаргро ба Литсейи президентӣ қабул кардаанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хонум Солеҳа Холмаҳмадзода иттилоъ дода, гуфт, ки аз рӯзи сар задани ин ҳодисаи ваҳшатнок то кунун пайваста бо модари Қобилҷони ғӯррамарг дар иртибот буда, ба ин хонавода ҳаматарафа кумак мерасонанд.

“Куштори бераҳмонаи писарчаи 10-солаи тоҷик Қобилҷон Алиев ҳодисаи ваҳшатноке буд, ки дили тамоми мардумро ба дард овард. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз лаҳзаи сар задани ин фоҷиаи ҷигарсӯз дар паҳлуи модари Қобилҷон буданд ва барои овардани тобути ин тифли маъсум ба Ватан ҳамаҷониба кумак карданд. Шахсан ман бо модари Қобилҷон ҳамеша дар тамос ҳастам ва аз ҳолу аҳволашон бохабар шуда меистам. Бо супориши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба модари Қобилҷон аз пойтахт хона доданд ва тамоми шароитҳои лозима дар он фароҳам оварда шудаанд. Додари Қобилҷонро ба Литсейи президентӣ қабул карданд. Мо ба модари Қобилҷон чанд ҷойи кори хуб пешниҳод намудем, вале ҷавоб доданд, ки ҳанӯз ба худ наомадаанд. Ҳар гоҳ, ки хоҳанд, метавонанд ба кор шуруъ намоянд”,- гуфт вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД