Formula novemver 2024
Дод аз дасти ФОЛБИНХУШДОМАН (қисми 1)
3353

 

Махфират 11 сол боз дар шаҳри Панҷакент зиндагӣ мекунад. Ӯ зодаи ноҳияи Данғара буда, ҳоло оиладор аст ва як духтарчаи ширин дорад. Вақте аз ӯ доир ба ҳаёти оилавиаш пурсон шудем, бо таассуф гуфт, ки зиндагии ширинашро хушдоманаш вайрон карду сабаби дарбадар шудани уву шавҳараш гашт.

Аз рӯи нақли ин зан хушдоманаш касали шизофрения дошта, мардумгурез аст. Ин буд, ки баъди ҷарроҳии шавҳараш дар пойтахт ӯро ба хонааш роҳ надод ва мардаки бечора дар дами пирӣ дар хонаи хоҳараш зиндагӣ мекунад. 

Шавҳари Махфират ду бародар дорад ва яке аз таббохони машҳури шаҳр аст. Худаш ҳам дар ошхонаву тарабхонаҳо кор карда, шиками духтарчаашро сер мекунаду танашро мепӯшонад. "Зиндагии мо дар аввал хуб буд, вале як номаъқулии хушдомани фарзандбезорам боиси саргардонии мо шуд", - гуфт занак.

Ба гуфти ин зан чанд сол қабл хушдоманаш хост писари калониашро, ки аллакай ду маротиба оиладор шуду буду келинҳо аз ҷабри хушдоманаш мегурехтанд, аз нав хонадор кунад. Азбаски зиёд қарздор буданд, дигар ягон бонк кӯмакашон накард. Рӯ оварданд ба пойтахт, вале он ҷо ҳам корашон тамом нашуд. "Шавҳари маро ба ин кор даровардан хостанд. Хушдоманам ваъда дод, ки нисфи пулро ба тӯй харҷ мекунаду бо маблағи боқимондааш ба шавҳарам мошин мехарад то ӯ кор карда, қарзро пардохт кунад. Шавҳари содаам бовар карда, рафту ҳам аз Панҷакент ва ҳам аз пойтахт аз ду бонк қарз гирифт. Баъди ин хушдоманам дар ваъдааш наистоду пулро пурра дар тӯй ва худаш сарф кард. Либосҳои зиёде харид, ки мегӯӣ тӯйи худаш бошад".

Бонкҳо ба шавҳари зан фишор оварда, пулашонро талаб мекарданд. Ҳар боре аз модараш пурсад, “худат мардӣ. Рав кор куну супор” гуфта, мардаки бечораро маҷбур мекард. Он вақт онҳо нав як кӯдак доштанд. Духтарчааш яксола шуда буд.

 

"Қарзи зиёд шавҳари бечораамро маҷбур кард, ки ба пойтахт рӯ орад. Дар шаҳр аввал нақлиётеро иҷора гирифту мусофиркашӣ мекард. Вале тавассути ин кор аробаи зиндагиро кашида натавонист. Баъд ба кадом як ширкати таксироние ба кор даромаду ронандаи таксӣ шуд. Нофаҳмида мондам, ки чӣ хел дар ин муддат шавҳарам ба нашъа рӯ овардааст. Як бегоҳ баъди истифодаи маводи мухаддир нозирони БДА ӯро дар сари рул дошта, мошинашро гирифтанду худашро 5 сол аз ҳуқуқи мошинронӣ манъ карданд. Баъди ин зиндагиамон тамоман ранги дигар гирифт".

Хушдоманаш, ки ду писарашро ҳам “кор намекунед, муфтхӯрон. Баромада, дафъ шавед” - гуфта, аз хона пеш карда буд, аллакай одат карда буд, бо шавҳари бекораи ин зан низ айнан ҳамин корро раво дид.

Худи кампир аз пушти фолбиниаш пул меёфт. “Мухлис” – у “ихлосмандон”-аш хеле зиёд буданду ҳамеша пушти дараш навбат меистоданд. "Борҳо ба он кас гуфтам, ки “илтимос бас кунед ҳамин корҳоятонро. Таъсираш ба мову кӯдакон мерасад”, вале ҳар бори гуфтан зери таънаву маломат мемондам. Охири охирон, моро ҳам аз хона бароварда пеш кард".

 

 

Духтарчаи онҳо имрӯз мактабхон асту дур аз падар таҳсил мекунад. Кӯдаки бечора ҳамсинфонашро ҳатто дуруст намешиносад, зеро агар як моҳ дар Панҷакент хонад, моҳи дигар ҳатман ба Данғара мераванд ва боз ба Душанбе. Ҳамин тавр, бечора духтарак ҷои таҳсили аниқ надорад.
 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД