Sebiston new 2024 october
“Doc-1 Max”-и заҳрдор ҷони 18 кӯдакро аз байн бурд
1018

 

Далели марги кӯдакон пас аз истифодаи шарбати доруи сулфаи истеҳсоли Ҳиндустон муайян карда шуд. Тавре хабаргузории “uznews” иттилоъ додааст, бар асари истеъмоли ин нӯшдори 18 кӯдаки аз 6-сола ва 15 кӯдаки то 3-сола фавтидаанд.

Пас аз талилҳои бисёрҷонибаи сохторҳои марбутта маълум шуд, ки моҳҳои сентябр то декабр дар Маркази тиббии бисёрсоҳаи кӯдаконаи вилояти Самарқанд 21 нафар беморони норасоии шадиди гурда муоина ва табобат карда шуданд.

Беморони аз вилояти Самарқанд, Қашқадарё, Ҷизак ва Навоӣ буда, 3 нафар бемор пас аз муолиҷа рухсат карда шуда, 18 нафари дигар вафот карданд.

Тавре дар хабар омадааст, вақте аз хешовандони беморон сабабҳои бемории онҳо пурсиданд, онҳо изҳор доштанд, ки дар онҳо аломатҳои сармо пайдо шуда, баъди истеъмоли доруи «Док-1 Макс» аҳволашон бадтар шудааст.

Мутахассисиони соҳа гуфтаанд, ки дастур оид ба истифодаи доруи "Doc-1 Max" нишон медиҳад, ки доруро аз 2-солагӣ метавон истифода бурд, аммо доруҳои дигар ширкатҳои дорои ин таркиб умуман пас аз 12 солагӣ иҷозат дода мешаванд. "Аммо ҳеҷ яке аз беморони фавтида мавриди ташхиси пас аз марг қарор нагирифтаанд", - омадааст дар хабар.

Субҳи имрӯз Вазорати тандурустии Узбекистон натиҷаи таҳқиқоти лаборатории ин доруро нашр кард, ки дар як бастаи шарбати “Doc-1 Max” силсила гликоли этилен ошкор карда шуд.

«Ин дору заҳрнок буда, маҳлули 95%-и он ҳангоми истифодаи 1-2 мл/кг боиси тағйироти ҷиддии саломатии бемор мегардад, аз қабили қайкунӣ, рагкашӣ, эпилепсия, мушкилоти системаи гардиши хун ва норасоии шадиди гурда мегардад», - гуфтааст вазорати ин кишвар.

Кӯдакони фавтида ин доруро дар баробари дигар доруҳо 2-7 рӯз 2,5-5 мл 3-4 маротиба дар хона истеъмол кардаанд. Гуфта мешавад, ки ин миқдор аз меъёр барои кӯдакон зиёд аст.

Тавлидкунандаи ҳаб ва шарбати "Doc-1 Max" ширкати ҳиндии Marion Biotech буда, аз соли 2012 дар Ӯзбакистон сабти ном шуда, худи ҳамон сол маводҳои доруворӣ ба фурӯш бароварда шудааст. Дар Ӯзбекистон доруро ширкати "Quramax Medical" ворид мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД