Мо мухлиси ашаддии блогербонуи хуҷандӣ Диябонуи нозанин ҳастем. Чандест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан дар Инстаграм доир ба тӯйи арӯсии ду ҳаҷвнигор ва блогер, аъзоёни гурӯҳи “Tajik show” Хусрав Юсуфов ва Дия сарусадоҳои зиёд нашр мешаванд.
Яке ба фикрест, ки Хусрав зану фарзанд дораду дигаре андеша дорад, ки Дия шавҳарашро маҷбурӣ аз ҳамсараш кашида гирифтааст. Сеюмӣ, дар бораи фарқи синну сол ва чорумӣ аз муносиб будани онҳо ба ҳамдигар мегӯянд.Хоҳишмандем ҳақиқати ин овозаҳоро барои мо равшан намоед.
Як гурӯҳи мухлисон, аз ш. Душанбе.
Воқеан давоми ҳафтаи охир дар сархати муҳимтарин хабарҳои шабакаҳои иҷтимоӣ аксу наворҳои маъракаи арӯсии ҳаҷвнигорону блогерон Дилрабо ва Хусравро дидан мумкин аст, ки баёнгари бо ҳам издивоҷ намудани ин ду навҷавон аст.
Ба идораи ҳафтанома чандин нафар занг зада хоҳиш намуданд, ки дар ин бора барояшон маълумот диҳем. Хушбахтона, ҳавҷнигор, блогер ва овозхон Дилрабо, ки бо тахаллуси Дия фаъолият мебарад, дар саҳифаи расмиаш дар Инстаграм бо обуначиҳояш саволу ҷавоб карда, дар он ба ҳама овозаҳо посух дод ва ба овозаҳои беасос нуқта монда шуд.
Нахуст ба саволе, ки гӯё зани дуюми ҳаҷвнигор Хусрав Юсуфов шудааст, чунин ҷавоби кутоҳ дод: “Ман ягона занаш ҳастам!” Ҳамчунин, илова мекунад, ки онҳо ба ҳамдигар ошиқ шуда, оила барпо кардаанд ва оиладориашон самараи муҳаббат аст.
Овозхон дар бораи фарқи синнусол миёнашон гуфт, ки худаш 22 ва шавҳараш 30-сола ҳастанд. Дар мавриди чӣ гуна будани ҳаёти оилавиаш посухи аҷиб гуфт: “Хушбахтиамро ба сухан иброз кардан имкон надорад. Чунин хушбахтӣ ва оилаи беҳтаринро ба ҳама орзу дорам”.
Бисёриҳо аз Дилрабо пурсидаанд, ки модоме шавҳараш аз ноҳияи Деваштич аст, ҳоло онҳо дар куҷо зиндагӣ мекунанд. Овозхон ҷавоб додааст, ки ҳар куҷое оилааш бошад, ҳамонҷо умр ба сар мебарад. Яъне, барои ӯ тағйири макони зист аҳамияти калон надорад, балки муҳим дар канори шахси наздикаш бошад.
Инчунин, меафзояд, ки ба насаби ҳамсараш гузаштааст. Дар бобати идома додани фаъолияти эҷодиаш кӯтоҳак гуфт, ки Худо хоҳад, корашро давом медиҳад. Инчунин, илова намуд, ки ҳоло тариқи “онлайн” кор карда истодааст ва ба кор набаромадааст.
Чанд рӯз баъди саволу ҷавоб дар Инстаграм Дия бо нашри як навори кӯтоҳ дар саҳифаи Тик-Токаш дигарбора доир ба овозаи зану фарзанд доштани ҳамсараш баргашт ва аз мардум хоҳиш кард, ки чунин овозаҳоро паҳн накунанд.