Бо иқдоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 25-27 сентябри соли 2024 бахшида ба рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар пойтахти кишварамон нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе -2024 (“ Dushanbe International Tourism Exhibition (DITE-2024”) баргузор мегардад.
Дар маросими расмии ифтитоҳи DITE-2024 намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони бародаршаҳрҳо ва аъзои ташкилоту созмонҳое, ки ба онҳо шаҳри Душанбе шомил аст, корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе, роҳбарияти вазорату кумитаҳо, сохторҳои шаҳрӣ, субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла ширкатҳои сайёҳӣ ҳавопаймоӣ, хизматрасонии нақлиётӣ, истеҳсоли армуғонӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, муассисаҳои табобативу солимгардонӣ ва фарҳангиву таърихӣ, ҳунарҳои мардумӣ, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Дар DITE-2024, ки дар Маркази Намоишгоҳи байналмилалии Душанбе (Dushanbe Expo) баргузор шуд, субъектҳои сайёҳии Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе, инчунин бародаршаҳрҳо, ва шаҳрҳои шарики ок, аз қабили ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, муассисаҳои табобативу солимгардонӣ, фарҳангиву таърихӣ ва фароғатӣ маҳсулот ва хизматрасонии худро муаррифӣ намуданд.
DITE-2024 бо мусоидати Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии "Сомон Тревэл", "Кинг тур" ва "Дёир Тревэл" бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣва табобатию солимгардонии мамлакат, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегиҳои муштараки сайёҳӣ баргузор карда шуд.
Дар ҳошияи Намоишгоҳ Форуми байналмиллалии сайёҳии Душанбе низ баргузор карда шуд. Иштирокчиёни форум доир ба рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии Тоҷикистон, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ, бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ суханронӣ ва табодули андеша намуданд.
Ҳамзамон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои намояндагони ширкатҳои сайёҳиву роҳбаладон ва ҳайати хизматрасониҳо дар тарабхонаву меҳмонхонаҳо машғулиятҳо(мастер классҳо) доир карда шуда, аз рӯи натиҷаи онҳо ба хатмкунандагон дар вазъияти тантанавӣ гувоҳнома тақдим гардиданд.
Дар доираи DITE-2024 инчунин дар шакли В2В (соҳибкор бо соҳибкор) вохӯриҳо баргузор гардида, санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки ба рушди соҳаи сайёҳии ҷонибҳои иштирокдор мусоидат менамоянд.
Барои иштирокдорони DITE-2024 сайри шомгоҳӣ ба мавзеъҳои сайёҳии пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ва боздид аз "Маҷмааи Истиқлол" ташкил карда шуд.
Дар назди Шаршараи Муассисаи давлатии"Наврӯзгоҳ" бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ чорабинии фарҳангиву фароғатӣ,ки аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил гардид, пешниҳоди меҳмонон гардонида шуд.
Баргузории чунин намоишгоҳҳо яке аз роҳҳои самараноки ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва сармояи мустақим, инчунин беҳтар пешкаш намудани хизматрасонӣ буда, барои тавсеаи ҳамкорӣ байни шаҳрҳо ва пойтахтҳо, субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ ва доираҳои манфиатдор заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳҳои бузурги сайёҳӣ дар аксар кишварҳои олам ҳамасола ташкил гардида, дар онҳо зиёда аз 5000 ширкати марбут ба соҳаи сайёҳӣ аз давлатҳои ҷаҳон иштирок ва маҳсулоти худро муаррифӣ менамоянд.
Ба шарофати Истиқлолу озодӣ ва азму талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ рушди бесобиқа ёфта, зарфияти сайёҳии мамлакат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ мегардад.
Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон симои миллати тоҷик ва дарвозаи асосии вуруди меҳмонону сайёҳон ба мамлакат буда, сатҳу сифати хизматрасонии субъектҳои сайёҳӣ дар он на танҳо дар рушди соҳа, балки дар баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон ва муаррифии шоистаи дастовардҳои мамлакат дар сатҳи байналмиллалӣ нақши ҳалкунанда мебозад.
Бо таваҷҷуҳи талошҳои Раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ соли 2018 шаҳри Душанбе аъзои Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ (WTCF) гардида, тибқи назарсанҷии Агентии иттилоотии "Турстат"-и Федератсияи Русия, ба даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини мамлакатҳои ИДМ, шаҳри муносиб дар айёми баҳор барои сайёҳӣ ва ба даҳгонаи беҳтарин шаҳри сайёҳат ва сафари шабона ворид гардидааст.
Аз 3 октябри соли 2019 шаҳри Душанбе бо қарори Шӯрои вазирони сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ солҳои 2020-2021 ҳамчун пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва аз 28 сентябри соли 2018 бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил соли 2021 пойтахти фарҳангии Иттиҳоди давлатҳои Мустақил эълон шуд.