Sebiston new 2024 october
Дилшод Сафарзода: 11 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ парвозҳои мунтазам анҷом додаанд
399


Дар соли 2023 аз фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷи дуру наздик як ширкати ҳавопаймоии Ватанӣ ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон-Эйр” ва 11 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ, аз ҷумла “Ют-Эйр”, “Уральские авиалинии”, “Северный ветер”, “ Сибирь-S7”, “Ямал”-и Федератсияи Россия, “Эйр-Астана”-и Ҷумҳурии Қазоқистон, “ Ӯзбекистон ҳаво йулари”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон, “Флай Дубай”-и Аморати Муттаҳидаи Араб, “Туркиш Эйрлайнз”-и Ҷумҳурии Туркия ва дигар кишварҳо парвозҳои мунтазамро иҷро намудаанд.

Дилшод Сафарзода, Раиси Агентии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон ин нуқтаро дар нишасти хабарии имрӯза қайд намуд. Номбурда ҳамчунин илова кард, ки дар соли 2023 ҷадвали парвозҳо ба 48 самт ва ҷадвали парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ дар 12 кишвари хориҷии дуру наздик тасдиқ гардидааст, ки парвозҳоро ба фурӯдгоҳи байналмилали Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб иҷро менамоянд.

“Давоми соли 2023 хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар филиалҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», воқеъ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб дар баробари аэродроми шаҳри Душанбе ба маротиб беҳтар гардида, дар ин фурудгоҳҳо таҷҳизот ва системаҳои аэронагиватсионӣ таҷдид шуданд. Ҳамчунин дар фурудгоҳҳои маҳаллии ноҳияи Мурғоб, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ванҷ ва Ҷиргатол таҷҳизоти метеорологӣ бо панелҳои офтобӣ насб гардид”, гуфт раиси Агентии мазкур.

Мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» давоми соли 2023 баҳри такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ба Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Корея, Сингапур ва Ҷумҳурии Мардуми Чин фиристода шуданд. Ин тадбир ба сифатан беҳтар намудани хизматрасонии аэронагиватсионӣ дар фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД