Гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров раиси Кумитаи варзиши Шӯрои олимпии Осиё ва ҳамзамон узви Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё интихоб шудааст.
Дар ин бора Кумитаи олимпии Тоҷикистон хабар дод.
Ёдрас мешавем, ки Дилшод Назаров Чемпиони Бозиҳои Олимпӣ дар соли 2016, муддаии чемпиони ҷаҳон дар соли 2015, ғолиби Бозиҳои Осиё дар солҳои 2006 ва 2010, Чемпиони панҷкаратаи Осиё дар солҳои 2009, 2013, 2015, 2017, 2019, Чемпиони Осиё дар солҳои 1999, 2001 ва ягона Чемпиони Олимпӣ дар таърихи Тоҷикистон мебошад.