Муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон сафар карда, аз Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ” дидан намуданд.
Маркази мазкур дар доираи лоиҳаи “Такмили малакаҳои касбӣ ва имконияти таъминот бо кор” ба тозагӣ бунёд ёфтааст. Дар ин марказ хоҳишмандон метавонанд касбҳои ин шабу рӯз дар бозори меҳнат хеле серталаботи устои барқ, харрот, андовачӣ, слесер ва муттахассис-васлгари батареяҳои офтобиро омӯзанд.
Қобили қайд аст, ки дар марказ ҳамчунин курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷумла забони куриёӣ, англисӣ ва русӣ амал мекунанд. Афроде, ки дар ин марказ касҳу ҳунар ва забонҳои хориҷиро меомӯзанд, соҳиби сертификат ва ҳуҷҷатҳои давлатӣ мегарданд.